Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

«Бовар кунед, бачам Мирзоҷонро аз ҳамаи фарзандонам
зиёдтар дӯст медорам, ба Худо вай алоҳида аст,
бафаҳм, боақл аст», рӯзе бо дидаи ашкбор назди зану
фарзандон иқрор гаштаанд бобоям.
Дар куҷо будани падарамро дар деҳа танҳо як кас –
эшони Ӯзбакхоҷа, холабачаи бобоям медонистаанд, сир
пинҳон медоштаанд. Лекин дидаанд, ки рӯз аз рӯз ҳоли
писархолаашон дар фироқи фарзанд бад гашта, ҳатто
ба беморӣ зада, дигар аз ҳавлӣ ба берун намебаромадагӣ, ҳатто ба масҷид ҳам намерафтагӣ шудаанд, ноилоҷ мондаанд. Эшони Ӯзбакхоҷа ба ҳавлии холабачаашон меоянд. Мебинанд, ки он кас дар ҳақиқат бемор,
сар аз болин бардошта наметавонанд, аз эшони Амирҳайдар мепурсанд:
– Мехоҳӣ ҷои писаратро гӯям?
– Баростӣ ту медонӣ, ки ӯ дар куҷо аст?
– Ҳа.
– Намебинӣ, ки ба чӣ ҳол афтодаам? Намегӯӣ, тамошобин шудаӣ, гиряю нола, ғиреви аҳли хонаро
намешунавӣ? Раҳм надорӣ?
– Чаро вайро хондан намемонӣ?
– Гап зан, Ӯзбакхоҷа, Мирзо куҷост? Сиҳату саломат
аст, бачам?
– Натарс, Амирҳайдар, Мирзо сиҳату саломат.
– Дар куҷо аст? Дар куҷо?
– Шарт дорам, ба шартам розӣ шавӣ, мегӯям, худи
ҳозир мегӯям. – Мирзо ҳамин хел шарт мондааст. –
Агар розӣ нашавӣ ба шартам, вайро дигар намебинӣ, аз
дидораш маҳрум мешавӣ.
– Чӣ хел шарт? Аввал ҷои вайро ба ман гӯй, ғам
нате, дилам мекафад, бовар кун, шабҳо хоб нестам, модараш

пешина
аз 182
навбатӣ