БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Боғоту ангурзорони дар он сӯи сангоб будаи нилкониҳо то андаке пеш, дар солҳои дар мактаби миёнаи деҳаи Роҳатӣ хондани мо бо номи соҳибонашон – боғи эшони Мавлон, боғи эшони Солеҳ, боғи эшони Мулло Сайиднеъматуллоҳ, замини Моҳи Мулло зикр меёфтанд. Дар наздикиҳо хона ё ҳавлие ба чашм намеафтод. Хонаҳои сокинони деҳаи Нилкону Роҳатӣ аз ҳам дур буданд. Мо, бачаҳо, аз миёни боғҳо, аз таги чинорҳою лаби ҷӯй ва аз канори заминҳо гузашта, мактаб рафта меомадем. Баъдҳо бо чӣ сабабе гурӯҳ-гурӯҳ мардумони деҳаҳои дараи Ромит кӯчида ба Роҳатӣ меомаданд. Аксарашон дар ҳамин заминҳои соҳили сангоб хонаю ҳавлӣ бунёд карданд. Ва имрӯз ба туфайли манзил ёфтани онҳо деҳаҳои Роҳатӣ ва Нилкон қариб бо ҳам якҷоя шудаанд. Вале, чи тарзе таъкид намудем, мардумони дар он сӯи сангоб мондаи деҳаи мо ҳанӯз худро нилконӣ мегӯянд, манзил – хокдонашон ҳам дар ҷониби мо – дар Нилкон.
Бале, сол аз сол ҳисоби аҳли деҳаҳо афзун мешаванд, хонаю дар месозанд. Миёни баъзе деҳаҳо, аз ҷумла Тепаи Самарқанд, Фермаи Нилкон, Оқчакман, Дуобаи боло, Меҳтарӣ, Роҳатӣ ва Нилкон қариб ҳудуд намонда.
Заминҳои деҳаи Нилкон, ки дар замонҳои подшоҳӣ мардумонаш заминдор ҳисоб меёфтанд, бо баъзеи ин деҳаҳо якҷоя шуда аз они сокинони он гашта.
Дар баҳорон оби сангоби байни Нилкону Роҳатӣ зиёд гашта сел меояд. Мардум баъзан аз сангоб гузашта наметавонанд, равуояшон барҳам мехӯрад. Чандест болои сангоб кӯпруки ларзонаке пайдо шудааст. Онро кӯпруки эшони Аъзамхон мегӯянд. Ин марди саховатманд, савобҷӯйро ҳамаи мо медонем. Бадавлат ҳам нест, солҳои баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Бухоро таҳсил карда, илми таҷвид, қироъатро бисёр хуб аз худ намуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё