Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса

ДЕҲАРО ХОБ МЕБИНАМ

Дар китоби нави Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо қиссаи “Ситораҳои паси абр”, ки хонандаи зиёд пайдо намудааст ва чанд ҳикояи ӯ дохиланд. Бовар дорем, мутолиаи китоб ба хонандаи арҷманд хуш меояд.


СИТОРАҲОИ ПАСИ АБР
(Қисса)

Он солҳо дур аз деҳа, дар шаҳр мезистем. Кулбаамон дар бинои баланд, дар ошёнаи панҷум ҷойгир буд. Ва чун субҳгоҳон аз хоб бармехостам, аз тиреза ба офтоббаро, ба ҷониби деҳа рӯ меовардам. Теппаҳои баланди атрофаш намоён. Вале чандест, деҳа рафта наметавонам.
Он ҷо ноором, ҷангҳои байниҳамдигарии хешовандон, ҳамзабонон. Гурӯҳҳои силоҳдор ҳаёту зиндагии мардумро ноосуда гардондаанд. Хаёлам ба деҳа, ба ҳамдеҳагон. Деҳаамон Нилкон ном дорад, миёни деҳаҳои ҷамоаи Роҳатӣ ба назарам аз ҳама зебо ва дилкушо менамояд. Аз ҷониби офтоббарои деҳа оби сангоб ҷорист.
Он аз бағали дараҳо ва оброҳаҳои куҳҳои Мағмуруду Қандӣ меояд, баъд роҳаш давомнок шуда, то ба дарёи шӯху тезоби Кофарниҳон меравад. Сангоб ба мисли сарҳаде байни деҳаҳое, ки дар ду канори он ҷойгиранд.
Мағмуруд, Қандӣ, Теппаи Самарқанд, Навобод, Дуобаи боло, Дуобаи поён, Роҳатӣ, Нилкон, Оқчакман, Моинкаҷ ном доранд деҳаҳо. Оби сангоб дар рӯзҳои гармо, айёми тобистону тирамоҳ қариб хушк мешавад, сангҳо метасфанд, аз ҷониби сангоб боди гарм мевазад, то дуриҳо – то боғоту ҳавлиҳои деҳаҳои Нилкону Роҳатӣ паҳн мешавад, сангоб мисли хате кашида шуда байни ин деҳаҳо.
Як ҳиссаи боғҳо, ангурзорҳо, ҳавлиҳои аҳли деҳаи Нилкон дар ҷониби дигари сангоб, дар ҷониби Роҳатӣ ҷойгиранд. Онҳо ба хонаю ҳавлиҳои сокинони деҳаи Роҳатӣ якҷоя, деворбадеворанд. Лекин мардум худро нилконӣ мегӯянд. Ва ҳам дар рӯйхатҳо, ҳисобгирии идораи ҷамоа нишонаашонро ба номи ин деҳа менависанд. Дар тӯю маъракаҳояшон ҳам аҳли деҳаи Нилкон хабар мешаванд ва манзили абадӣ – гӯристонашон ҳам гӯристони деҳаи Нилкон.

аз 182
навбатӣ