Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дилаш месӯхт, ҷисму ҷонаш гудохта мегашт. Ба ин ҳол аз назди Ризои Раҳмон баромада намеравад... Ҷавоб мегӯяд ба ӯ, дилашро хунук мекунад, баъд меравад.
Онҳо танҳо монданд
– Маро дашном додӣ? Чаро? Ман ба ту чӣ бадӣ кардам? Намебахшам, ҷавоб гӯй! – Содиқи Ҷаъфар хаёл дошт, ки Ризои Раҳмон пушаймон аст. Вале Содиқи Ҷаъфар ӯро намебахшад, тавба кунад, хомӯш нишинад ҳам. Ризои Раҳмон баръакси хаёлҳои ӯ хашмгинтар гашт. Чашмонаш аз ғазаб дар косахонаи сар фиррос чарх мезаданд, таги рӯяш сиёҳ, чун ҳайвони ба хашм омада аз даҳонаш кафкоба мепарид, панҷаҳояш гиреҳ хӯрда, мушт шуда... Гӯё вай одаме набуд, ки чанд лаҳза пеш назди муаллимон даҳонаш пурханда буд. Не, ӯ набуд.
– Ба падарат, бар фалону бисмадонат... – Сар кард ба дашномдиҳии муаллими куҳансол, Содиқи Ҷаъфар боз ҳайрон монд, ақлаш коҳид. – «Чӣ мегӯяд ин одам? Чаро? Ба чӣ ваҷҳ?!»
Дари ҳуҷраи мудири мактабро муаллимон кушоданд.
Ҳамон лаҳза боз чеҳраи ин одам шукуфон, дар лабонаш ханда.
– Муаллим, чӣ гуфтед? Ташаккур, ҳамин хел кардан лозим, мо аз шумо розием, кош ҳамаи муаллимон мисли шумо заҳмат мекашиданд. Хуб шуд ба мактаби мо омадед... Аҳволам нағз не гуфтед, худо нишон надиҳад, шинед, муаллимҷон, боз гап мезанем, шинед... Дастҳои Ризои Раҳмон пеши бар рӯ ба ӯ меистод, дигаронро монда ба Содиқи Ҷаъфар гап мезад, тавозӯъ дошт, дуқаду сеқад мешуд... Чӣ зоте, чӣ сирате. Ё ҳамаи ин ҳолатҳо ба назари муаллим метобад? Вай хоб ё бедор аст?

пешина
аз 182
навбатӣ