БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

– Бар падарат... занат... модарат... – Пеши чашмони муаллими куҳансол сиёҳӣ афтод. Ба курсичае нишастанӣ буд, вале ҳеҷ ҷойро намедид, дунё дар хаёлаш гирдгардон.
Дари ҳуҷраи мудир кушода гашта се-чор нафар муаллимон даромаданд. Гӯё байни Ризои Раҳмон ва муаллими куҳансол ҳеҷ гапу ҳарфе нагузашта буд, ки чеҳраи ғазаболуди ӯ шукуфон гашт, лабонаш пурханда.
– Шинед, муаллимҷон! Чӣ рост истодаед? Шинед, – ба дигарон эътибор надода, аз паси мизаш берун шуда, барои нишастани Содиқи Ҷаъфар курсичае пеш овард,
– ман ба шумо мегӯям, муаллимҷон, чӣ истодаед? Шинед, шумо устоди азизи ҳамаи мо ҳастед. Шумо нури дида, тоҷи сари мо, шинед, то шумо барин муаллимон пайдо мешавед, ки хуш умре, – дастҳо пеши бар барои эҳтироми муаллим рост меистод Ризои Раҳмон.
Муаллими беҳолу бемадоршуда ба курсӣ нишаст.
Муаллимон ба ҳуҷраи мудири мактаб меомаданду мебаромаданд... Чеҳраи Ризои Раҳмон пуртабассум, забонширинӣ дошт, гӯё булбул шуда. Ба пиёлаҳо чой рехт, якеи онро ба тавозӯъ ва эҳтироми хосса пеши Содиқи Ҷаъфар бурд. Муаллими куҳансол дар ҳайрат, дар ҳаяҷон. Чӣ сиратест ин одам? Мӯи сараш ба сафедӣ расиду ин хелашро надида буд. Ӯро дашном дод, зану фарзандонашро ном бурду боз «муаллимҷон», мегӯяд.
Бо кадом забон? Ба ин одам чӣ гӯяд? Ба ӯ дарафтад ё сухани пасту баланде гӯяд? Ҳозирон дар ҳайрат мемонанд. «Содиқи Ҷаъфар девона», мегӯянд. Чизе нагуфта биравад? Наметавонад. Интизор мешавад, тоб меоварад. Ҳама ки рафт, танҳо ки монд ин одам, вай аз ҷой мехезад. «Чӣ гуфтӣ? Чӣ воқеа рӯй додааст?» гуфта аз ӯ мепурсад, ба вай дармеафтад, дилашро холӣ мекунад.
Касе пеш аз ин ӯро таҳқир накарда буд, ёд надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё