Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Рустам фарёдзанон ба замин афтид. Дар гирди ӯ ва соҳиби асп бозоракиҳои бисёре ҷамъ омада буданд.
Онҳо аз воқеа огоҳ шуда соҳиби аспро сарзаниш карданд. Гуфтанд, ки сағираи бечораро беҳуда зада маҷрӯҳ сохт. Наход одами каппа-калон як бачаи бечораро ин қадар занад.
Мард ҳам аз бераҳмиаш хиҷолат кашид, ки аз гиребони ҷомаи Рустам дошта ӯро аз рӯи барф рост намуд ва рӯймоли ҷавро ба дасташ дода гуфт:
– Гир, сағира, гум шав! Рав!
Аммо Рустам бовар намекард, ки рӯймоли ҷавро ба ӯ баргардонданд. Ӯ рӯймолро ба даст гирифта, ҳамаи дарду ранҷашро фаромӯш намуд. Рустам аз назди издиҳоми мардум дур мешуд, ҳама ба ӯ бо тараҳҳум нигоҳ мекарданд.
Ӯ гӯшвораи модарашро нафурӯхта, барои хоҳараконаш хӯрокӣ ёфт. Ҷавро дар ӯғӯр кӯфта орд мекунад. Ӯ марди хона аст, бояд хоҳараконашро хӯронад... Рустам пешпо хӯрду ба замин афтод. Аз ҷой бархостанӣ шуд, аммо мадор надошт.
– Рустамҷон, хез дастатро ба ман деҳ... – дасти модараш ба сӯи ӯ дароз шуд.
– Не, ман худам мехезам, модарҷон, – Рустам аз ҷой бархостанӣ шуд. Нимхез шуда ба даруни ҷӯй афтод. Аз хунукӣ тамоми баданаш виҷиррос заду ба ҳуш омад.
Касе дасти ӯро дошта аз ҷояш хезонд.
Ҳаво торик шуда, боз барф меборид. То деҳа хеле роҳ. Рустам рӯймоли ҷав дар даст беҳушона дар байни роҳ қадам мезад.
Чароғҳои деҳа намудор шуданд. Рустам рӯймоли ҷавро ба рӯи барф ниҳода, дар канори роҳ нишаст. Сару рӯяш ғарқи обу арақ шуда, тамоми баданаш чун барги бед меларзид. Ӯ дигар аз ҷо хеста наметавонист. То деҳа андаке роҳ.

пешина
аз 182
навбатӣ