БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

– Бача, гушвораро мефурӯшӣ? Ку ба ман буте, – даст дароз кард мард.
«Чӣ? Ӯ гӯшвораҳои модарашро ба кафи ҳамин мард мегузорад? Ба ӯ фурӯшад? Васияти модар чӣ мешавад?
Гӯшвораҳо азони Ҳабиба. Не, намехоҳад онҳоро ба харидор бидиҳад. Бо нон ҳам иваз намекунад. Ба гуруснагӣ тоб меоранду нишонаи модарро эҳтиёт мекунанд.
... Рустам гӯшвораҳои модарашро ба кисабағал андохт. Марди бурутӣ ғур-ғуркунон аз назди ӯ гузашта рафт. Рустам ҳам аз бозор баромад. Ба канори роҳи калон гузашта, барфи рӯи сангеро бо лаби остини ҷомааш рӯфт. Бале, ӯ гӯшвораҳои модарашаро намефурӯшад.
Аммо нон ёфтан лозим. Бо кадом роҳ?.. Аз гуруснагӣ сари Рустам чарх гашт. Ӯ бемадорона рӯи тахтасанг нишаста, сарашро миёни кафҳояш гирифт. Ҳоло хоҳараконаш аз хоб хестаанд. Онҳо ҳам гуруснаанд.
«Нон» мегӯянд. Рустам ба деҳа баргардад? Бе нон? Бо дасти холӣ? Рустам аз ҷояш хест. Офтоб ба миёни осмон омада бозор камодам шуда буд.
Рустам ба роҳ даромад. «Ба куҷо? Ба деҳа?» ба ногоҳ фикре ба сари ӯ омаду ба тарафи ду асп, ки чанд қадам онсӯтар ба нигаси боми хонае баста шуда буданд, равона шуд. Аспҳо аз турбаҳои пур кумур-кумур ҷав мехӯрданд. Рустам ҳаросон атрофро аз назар гузаронду рӯймолашро аз сар кушод ва рӯи замин паҳн намуд. Аз сари асп тӯрбаро гирифта, ҷавро зуд ба рӯймолаш холӣ кард. Банди тӯрбаро аз нав ба сари асп кашида буд, ки як мард тозиёна дар даст аз рӯ ба рӯяш пайдо шуд.
«Канӣ, сағира, ба ман нигар?»
Ҳанӯз Рустам дасташро аз тӯрба нагирифта буд, ки мард чанд тозиёна паси ҳам ба сару рӯи ӯ зад. Аз чашму рӯи ӯ хун ҷорӣ шуда, рӯи барфҳоро лолагун кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё