БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

– Бозор, – гуфт Рустам.
– Чӣ мебарӣ?
Рустам ба саволи пирамард чӣ ҷавоб доданашро надониста, худро андаке ба ақиб кашид ва даст ба кисааш андохт. Ӯ гӯшвораҳои модари раҳматиашро, ки пас аз ҷанг (Ҷанги Бузурги Ватанӣ-солҳои 1941-1945 дар назар аст) рафтани падараш ба бистари беморӣ афтода, чанд рӯз пеш аз олам гузашта буд, аз киса баровард.
Баргакҳои он ларзиш хӯрда, оҳиста ҷарангос заданд.
Садои шинос, модари Рустам ҳаргоҳ, ки аз коре ба завқ меомад, бо табассум сар меҷунбонд, баргакҳои гӯшвораи ӯ ана ҳамин тавр ларзида садо медоданд. Гӯшвораҳо ба ӯ бисёр мезебиданд ва модари Рустам онҳоро ҳеҷ гоҳ аз гӯш намегирифт. Гӯшвораҳои ӯро танҳо вақте занҳои ҳамсоя аз гӯши ӯ гирифта, аз рӯи васияташ ба хоҳари калонии Рустам – Ҳабиба доданд, ки вай аз олам чашм пӯшида буд. Ҳоло Рустам ҳамин гӯшвораҳои модарро ба бозор бурда, бо нон иваз карданист.
Илоҷи дигар ҳам намонда. Ду рӯз боз Рустам ва хоҳараконаш Ҳабибаю Назираи хурдсол гуруснаанд.
Бегоҳ Рустам як пора нони хушки ҳаққи худашро ҳам ба хоҳараконаш тақсим кард. Охир акнун ӯ марди хона аст. Инро ба ӯ падар дар номааш таъкид намуда. Ӯ гуфта, ки баъди сари модар нигоҳубин, сарбонии хоҳараконаш ба уҳдаи вай, бонангу номус бошад.
Хоҳараконаш нангу номуси ӯ будаанд. Бале, падар рост мегӯяд, вай мардбача, марди хона.
... Рӯзи дуюм аст, ки Рустам дигар барои нон ба хонаи кари Бӯрӣ намеравад ва Бӯрӣ низ акнун ба хонаи онҳо намеояд. Ӯ одами зишт будааст.
– Рустам, омадӣ, биё, – кари Бӯрӣ хилофи ҳаррӯза хандон-хандон аз хонааш ба пешвози Рустам баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё