Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ин хел нагӯй, бачам, шумоҳо, худоё, бо ҳам пиру кампир шавед, аз ҳамдигар намонед.
– Ҳамин хел мегӯӣ, оча, забон қатӣ мегӯӣ. Агар ту хушбахтии моро мехостӣ, гашта намеомадӣ, – Талбак даст афшонда боитоб аз назди модар гузашт.
Модар гӯё дигар забони сухангӯӣ надошт. Чӣ ҳам мегуфт? Ба кӣ мегуфт? Келину писараш ӯро дида аз ҳавлӣ рафта буданд. Ноилоҷ ақиб гашт. Паси дарвоза такя ба асояш хело истод. Писаракашро дид, хоби нохуб дида буд. Хайрият, писаракаш сиҳату саломат будааст. Худо нигаҳбонаш шавад! Кампири Сабрия бо дидагони пуроб асозанон боз рӯ ба роҳи дур, ба деҳаи Лолазор овард.
ГӮШВОРА

Андаке поёнтар аз деҳаи мо, дар канори роҳ, ки дар ду ҷониби он майдонҳои ангурзор, боғҳои сарсабзу хуррами мева то ба дуриҳо доман густурда буданд, қабре мавҷуд буд, қабри ягона. Мо, хурдсолони он солҳо, дар ҳайрат будем, ки мадфани одамӣ баҳри чӣ, бо чи ваҷҳе ин ҷо пайдо шуда? Чаро ӯро дар гӯристон ба хок насупурдаанд. Боз аз он дар ҳайрат мешудем, ки зани куҳансоле дастархони пури нон дар тори сар ба сари гӯр меомад. Дастурхон мекушод, нонҳоро рӯи он паҳн мекард, баъд хоки гӯрро ба дидагон мемолид, гӯрро ба оғӯш мекашид, баъд ба навҳа медаромад:
– Рустамҷон, ҷони апа, нон овардам, нонҳои гарм, нони гандум, нони сафед, нон фаровон шуд, дар ҳама ҷо арзон... Он рӯзҳо гузаштанд, рафтанд. Ҳайф шудӣ, сад ҳайфи ту, Рустамҷон! Хез, нон овардам, нон!..
Ин зан кӣ буда, чаро ин гӯр ин ҷо пайдо шуда? Баъд ҳамааш ба мо маълум гашт.


Қарибиҳои субҳ барф аз боридан монд. Замину замон ях баст. Торафт хунукӣ сахт мешуд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, имрӯз мардум сертараддуд буданд, ба бозор мерафтанд. Ҳама як ташвиш доштанд, чизу мол, асбобу анҷомҳои рӯзгорро ба бозор бурда ғалла ё нон хариданӣ буданд. Роҳ пур аз пиёдаву савора.
Бачаи тахминан 15–16-солае, ки дар тан ҷомаи ҷиғда-ҷиғдаи сатини сиёҳ ва дар по мӯзаҳои дарида дошту рӯймолашро гирди сар ва гӯшҳояш печонда буд, аз пайраҳае ба роҳи калон баромад ва бо бозоракиҳо ҳамроҳ шуд.
– Ҳа, Рустам, дар ин хунукӣ куҷо меравӣ? – пурсид пирамарди савора, ки худро рӯи зин бо чакман дурустакак печонда буд, лаҷоми аспашро кашида.

пешина
аз 182
навбатӣ