БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

охунди мулло Сайиднеъматулло ва эшони Араб,
эшони Умар миён баста ба обу арақ ғутавар шуда бо
белу каланд баҳри устод манзил меканданд.
Он рӯз дар саҳни масҷиди деҳа, ки як умр эшони домулло Мирзо ин ҷо, бо аҳли деҳа намоз мегузоштанд,
хидмат мекарданд, тобуташонро гузошта буданд. Ҳазорон нафар дар саҳни масҷид намози ҷанозаи эшони домулло Мирзоро хонданд ва баъд он касро дар ҳамин ҷо,
дар канори мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф ба
хок супурданд. Имрӯз мадфанашон обод, зиёратгоҳи
аҳли деҳа шуда. Масҷиди ҷомеъи деҳа ба номашон:
Масҷиди ҷомеъи ба номи эшони домулло Мирзо.
(1876–1950) ДЕҲАРО ХОБ МЕБИНАМ
Ҳаёти пурҷӯшу хурӯши шаҳр маро сахт ба оғӯш гирифтааст. Дилу ҷонам гӯё пайванди шаҳр бошад. Лекин деҳа ва ҳамдеҳагонам ҳам аз ёдам намераванд. Баъзан пурсида ба хона, ба ҷои корам меомаданд. Гоҳ-гоҳе хонаам сермеҳмон мешуд. Вале афсӯс, ки ман деҳа рафта наметавонам. Имкон намеёбам. Вақт нест. Шояд ҳамаи ин баҳона аст? Ё худ... не, не ҳанӯз ҳам деҳаро хоб мебинам. Дил гум мезанад.
Ба ҳимояи рисолаи номзадӣ тайёрӣ медидам. Китобу маҷалла, рӯзномаҳои беҳисобро хондаву варақ задан лозим меомад. Ба замми ин дар ҷои кор ҳам ташвиш аз мӯи сар зиёд буд. Фаҳмидам, ки олим шудан баробари он будааст, ки бо нӯки сӯзан чоҳ канда, об бароред.
Боре субҳ надамида дари хонаам кӯфта шуд. Хоболуд ҷомаро сари китф партофта, дарро кушодам. Ҳамдеҳаам амаки Ризо мунтазирам буд.
–Бахайр, амак,– ба ҳазор хаёл афтодам.
–Бобои Нарзулло қазо карданд,– гуфт бо алам. Карахт шудам. «Наход бобои Нарзулло гузаштанд?!» Ин пирамарди ҳузарбро дар деҳа ҳама хурду калон «бобо»
мегуфтем. Одами меҳрубон буд, ҳамаи тӯю маъракаҳои деҳаро вай сарвар мешуд. «Оҳой, бача» – нидо мекард ӯ. – Ин корро кун, ба ҳавлии фалонӣ тоз,– ба дигаре бо хушҳолӣ мегуфт: – Ту ин ҷо чӣ шах шуда мондӣ? Ба таги дег алов мон, ана вай аспи меҳмона гир! Ба хонаи холаи Заҳробегим ош ройӣ кардед? Касал аст-а, аз ҳушатон набарояд»
Мо он вақт дар деҳ бачаҳои хурд будем. Айёми ангурпаз аз хотирам намеравад. Гурӯҳ-гурӯҳ ба боғ, назди ангурчинҳо мерафтем. Бригадир, бобои Нарзулло, моро намеранҷонд. Вай савори аспи ҷеран аз кадом тарафи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё