Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Бардоред… Меравам…
Он рӯзи моҳи аввали тобистони соли 1950-ум, вақти зардолупаз пагоҳӣ қатӣ роҳу роҳрав, кӯчаҳо, даруну беруни масҷиди деҳа пури одам шуд. Ҳама гӯё аз тамоми Тоҷикистон ба ҷанозаи эшони домулло Мирзо омада буданд. Ҳазорҳо нафар ҷанозахон, онҳое ки забони каҷашон назди эшони домулло рост шуда.
Ҳамномашон мулло Мирзои ҳофиз дар саҳни масҷид миёни одамон нола дошт, суруди мотам мехонд. Бо ҳар як фароварди суруди ӯ мардум ҳамовозаш мешуданд, оҳу нола, фиғон ба осмон. Намояндагони ҳукумат ҳам, ки аз ноҳияи Роҳатӣ омада буданд, дар маъракаи дафни эшони домулло Мирзо ҳозир. Аз афташ, кори онҳо сабук гашта, ки дигар аз пайи ба Сибир бадарға кардани он кас намешуданд, умедашон канда. Ба идораҳои махсус бо тантана ҳисобот медоданд, ки эшони домулло Мирзо аз олам гузаштанд. Раиси колхоз Кенҷа Юнус, фаъолон, одамони гапраси деҳа Нарзуллои Мелик, эшони Аҳмадхон, эшони Маллахон, Абдуллои Муъмин, Саъдуллои Ислом, аз деҳаи Роҳатӣ Боймуҳаммад раис, Холи Уроқ, Бӯрии Тоҳир, гӯё ҳама соҳиби мурдаи эшони домулло Мирзо буданд. Меҳмонон, одамони аз дуру наздик омадаро пазироӣ мекарданд. «Ҳо, бача, аспи фалончаро соҳиб шав, фалонча, чой биёр, якҷо наист, пеш гузар», гуфта ба ҳама фармоишҳо медоданд. Ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт буданашон эшони домулло Мирзо аз ҳамдеҳагон барои манзили абадиашон аз паҳлӯи мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф се газ замин хоста буданд. Аз ҷавонӣ, аз солҳои дар Бухоро таҳсил доштанашон орзуяшон буд, мурод металабиданд. Аз рӯи васияташон шогирдашон

пешина
аз 182
навбатӣ