Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

боғ пайдо мешуду ба ҳамаи мо яксарӣ ангур дода
мегуфт: «Имрӯз ҳаққатон ҳамин, бачаҳо, акнун равед,
боз пагоҳ».
Вай човандози номӣ ҳам буд. Дар ҳар тӯйе, ки бузкашӣ мешуд, вай савори ҳамон аспи ҷеран пеш мебаромад ва овозаш ба гӯш мерасид: «Оҳой, ҷонвар, ақиб намон, ақиб намон!... Нанга ба даст гир, ҳо, ҷунб!
Ҷунб...ҷонвар».
Баъд аспашро тозиёна зада аз миёни қӯра берун
меомад. Мо, бачаҳо, «ана, бобои Нарзулло ҳалол карданд, офарин, офарин!», гӯён чапак мезадем.
Қариб ҳамаи мо хурду калон ҳамдеҳагон аз бобо
Нарзулло ёрӣ дидаем. Вақте шунид, ки ман хонданӣ ба
шаҳр мераваму мададгоре надорам, тасаллӣ дод: «Бачам, рав, хон, худамон ёрӣ мерасонем». Баъд чанд пул
ба дастам дод.
Вале рӯзи дафни ана ҳамин бобои Нарзулло ҳам деҳа
рафта натавонистам. Фикр кардам, ки аз сардорҳо
«қишлоқ ҷаноза меравам» гуфта ҷавоб пурсидан нағз
нест, як вақте зарар ҳам меорад. Ба ҳисоб мегиранд,
охир ҷаноза маросими динӣ.
Ба дафни ҳамсояамон, кампири Сайрамбибӣ ҳам, ки
баъди марги модарам чанде саробони ману додараконам буд, ҳозир шуда натавонистам. Бисёр тӯйҳои
деҳа, ки хабарӣ будам, бе ман гузаштанд. Баъди ҳамаи
ин равуои шиносу хешовандон ба хонаи мо кам шудан
гирифт. Аз ҳамдеҳагон танҳо ду нафар – яке ҳамсояамон амаки Муъмин ва дигаре ҳамсинфам Ёдгор
аҳён-аҳён ба хонаи мо меомаданд. Баъдтар амаки
Муъмин ҳам кампайдо шуд. Танҳо Ёдгор монда буд.
Аммо ман деҳаро дар хоб медидам. Ёдгор ҳам як рӯз
аз ман ранҷид.
Сардор ҳамроҳи ду-се наздиконаш ба хонаам омаданд.

пешина
аз 182
навбатӣ