Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Баъд ҳамон сол ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко, ҳоло Донишгоҳи давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дохил шудам. Роҳам боз аз даруни сангоб,
аз кӯчаҳои деҳаи Роҳатӣ. Аз ҳамин ҷо мошин савор
мешудем, мардум аз ҳамин ҷо ба шаҳр – ба Душанбе
рафта меомаданд.
Имрӯзҳо, агар гоҳе ба масҷид дароям, мазори Ҳазрати
Сайид Шоҳабдулатиф ва мадфани падарамро зиёрат
карда, баъд рӯ ба гӯристони паҳлуи мазор меорам. Ин
гӯристонро дар деҳа Мазори Поён мегӯянд. Мардумони
деҳаи ҳамсоя–деҳаи Оқчакманро ҳам пеш ин ҷо дафн
мекардаанд. Мазори Поён дар миёни деҳа, дар канори
масҷид, дар паси девори мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф ҷойгир аст. Хело солҳост, ки гӯристони Мазори
Поён пур шудааст. Гӯристони болои деҳа хокдони мардум шуда. Онро Мазори Боло мегӯянд. Мазори Болою
Мазори Поён аз ҳам дур нестанд. Лекин усули ба хок
мондани майитҳо дар ин хокдонҳо аз ҳам фарқ мекунад.
Дар гӯристони Мазори Поён бо тарзи дӯконӣ ва дар
гӯристони Мазори Боло бо усули шомӣ гӯр мекананд.
Аз канори гӯристон, аз паси деворҳои масҷид ва мазор рӯ-рӯи хору алафҳои хушкида қадам монда ба сари
кутал меоем. Аз баландии сари кутал ба поён, ба сангоб
ва боз ба роҳ, ки таг-таги дарахтони олучаю зардолу ва
чормағзҳои сар ба фалак, то деҳаи Роҳатӣ расидаанд,
назар меандозам. Хаёлам ба роҳ, ба дӯстонам банд
гашта, ки замоне ҳамроҳашон аз он гузар мекардем.
Шоир Изатулло Ҳусайнӣ аз деҳаи Роҳатианд. Муаллим, роҳбари синфамон. Баъд дар идораи рӯзномаи
«Комсомоли Тоҷикистон» ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»
ҳамкорам буданд. Муаллим яке аз дӯстони наздикам дар
зиндагӣ буданд. Ба хонаи мо – ба деҳаи Нилкон меомаданд. Аксаран то нимаҳои шаб бо ҳам сӯҳбат мекардем.

пешина
аз 182
навбатӣ