БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Зан ҷорӯбкаши мазору масҷид. Рӯзҳо то бегоҳ ӯ ҳамин вазифаро адо намуда, шабҳо дар кулбаҳои мардуми деҳа мехуфтааст. Баъд ӯ дар деҳа хонадор–шавҳардор шуда, то охири умр дар мазор ва масҷид хидмат карда. Аз зан фарзандон ба дунё омада, фарзандон аз модари қалмиқ, аз қалмиқзан ва насле аз ӯ ба дунё омада дар деҳа.
Аз кутали паси деворҳои масҷиди деҳа дар давоми асрҳо чӣ қадар одамони ошною ноошно қадам монда.
Корвонакиҳои қалмиқҳо ҳам гузашта. Нишонаашон монда дар деҳа ва банда ҳам айёми хурдсолию ҷавонӣ хело аз ин кутал равуо доштам. Дар деҳаи Нилкон он солҳо мактаб чорсола буд. Баъд барои давоми таҳсил ба деҳаи Роҳатӣ мерафтем. Аз дигар деҳаҳо, аз ноҳияи Кофарниҳон ҳам хонандагон ба ин мактаб меомаданд. Шоир Нуъмон Розиқ аз деҳаи Симуганҷ, ки аз Роҳатӣ хело дур аст, дар ҳамин мактаб мехонд. Яке аз мактабҳои аввали замони Ҳукумати Шӯравӣ, мактаби маълуму машҳури маҳаллаҳои гирду атроф. Банда баъди хатми синфи чоруми мактаби деҳа дар мактаби деҳаи Роҳатӣ шаш сол хондам. Соли 1958-ум соҳиби маълумоти миёна гаштам. Муаллимони азизам Носиров, Ҳамроев, Ҳайдаров, Сергей Сухоян (ҳоло яке аз шоирони маълуму машҳур), Қобилова, Р.Муҳаммадиев, А.Холов, О.Азизов, Р.Муҳаммадшоев, ки аз шаҳрҳои Бухорою Самарқанд, аз шаҳру музофотҳои гуногуни ҷумҳурӣ буданд ва муаллимон Изатулло Ҳусайнӣ, Т. Солиев, С.
Азизов, Н. Гулонов ва ҳамсинфонам Саидмурод Баротов, Эмом Мансуров, Абдукарим, Бобокалон, Абдуалим, Абдуррозиқ, Ҳабиба, Салоҳи бачаи Раҷаб, Дӯстмуҳаммад, Исмоил бо меҳрубониҳояшон дар ёдам мондаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё