Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳофиз мегўяд, ки агар ин муддаъиён рост мегўянд, бояд гуфтаи хешро дар амал ба мардум бинамоянд.
Шоири бузург мегўяд, ки ҳеҷ зодаи одам ба чунин марҳала нахоҳад расид ва ин танҳо иддаое ҳасту бас. Бо пиндори Ҳофиз, касе ба ин мақом расад, аҳли иддаъо нахоҳад буд.

Шарҳи луғатҳо

Кимиё – илме, ки бо воситаи он мисро ба зар табдил медиҳанд.
Табибони муддаъӣ – табибони беҳунар, табибнамоён.
Хазонаи ғайб – манбае, ки калиди он ба дасти Расули акрам (с) аст, ё хазинаи
подшоҳон, ки аз назари хосу ом дур аст.
Ҳар кас – одамон, шуморае, ки аз як нафар беш бошад.
Ҳусни оқибат – интиҳои нек, оқибатбахайрӣ.
Иноят – иноёти Худовандӣ, лутфу карам.
Маязид – музояда.
Маязиди ишқ – музоядаи ишқ.
Маърифат – истилоҳи сўфия, сабаби шинохти комил.
Аҳли назар – ононе, ки водии маърифатро тай кардаанд.
Ҳолӣ – дарҳол, айни замон.
Даруни парда – пинҳон, дур аз чашм.
Ҳадис – сухан ё ривоят.
Ағёр – бегона, ноаҳл.
Ҳиҷоб – парда, пўшидагӣ.
Таот – ибодат кардан.
Ғаюр – рашкбаранда, ҳосид.
Ҳузур – дар пеши рў.
Авқот – ҷамъи вақт.
Ба худам хон – даъватам кун.
Мунъим – давлатманд, эҳсонкунанда, некўкор.
Давоми васл – пайвастагии дидори матлуб, висоли ҷовид.
Илтифот – таваҷҷуҳ.

Мо барои намуда чанд истилоҳи шоири бузургро ба тариқи кўтоҳ шарҳ додем, чунки ба он агар машғул гардем, сухан ба дарозо мекашад ва кўшиш мекунем, ки ғазалро каме барои хонанда шарҳ диҳем.

Байти аввал:
Онон, ки хокро ба назар кимиё кунанд,
Оё бувад, ки гўшаи чашме ба мо кунанд?

Чуноне ки дар қисми муқаддимавӣ баён намудем, ғазал ҷавобест ба Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ва Хоҷа Ҳофизи лисонулғайб доди сухангустариро дода мегўяд, ки: «Ононе, ки бо нигоҳи хеш хокро ба кимиё мубаддал менамоянд, оё мешавад, ки гўшаи чашми худро аз мо дареғ надоранд ва ба сўйи мо чашм андозанд», яъне байти киноявии ғазал аст. Инсон танҳо бо воситаи илме, ки меандўзад, корҳои хайр ва бузургро ба ҷо оварда метавонад, вагарна аз дасти бесаводе ба ҷуз лофу гизоф коре барнамеояд. То имрўз касе кафи хокро ба зер табдил шудааст.

Байти дуюм:

пешина
аз 103
навбатӣ