Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Ангури дона-дона, ки фарзанди ток ҳаст,
Хун мехўрад ҳар он, ки майи ток мехўрад».

Боре набинӣ ҷомаи озода дар танаш,
Озурда гардӣ ҳар замон аз макру аз фанаш,
Қадре набошад арчи чун як дона арзанаш,
«Мумсик ба гушнагӣ биниҳад кўдаку занаш,
Нонаш, ки мурд мардуми бебок мехўрад.»

Умре ба сар кашӣ агар ту соғару сабў,
Паҳлу занӣ ба бистари ороста накў,
Қадрат баланд кай шавад андозае ба мў?
«Устод агар биранҷадат оҳу дуъои ў,
Акли туро ба хамраҳи идрок мехўрад».

Аз некӣ Ҳақ ба оламе Бурхи Валӣ диҳад,
Некусиришт баҳри ҳама якдилӣ диҳад,
Заҳро зи насли пок Ҳасан бар Алӣ диҳад,
«Он модаре ба аҳли ҷаҳон Бўалӣ диҳад,
Нони ҳалоли шавҳари худ пок мехўрад».

Дунё, агарчи кўшку қасри мунаққаш аст,
Дур дор доманат, ки ҷаҳон кони оташ аст,
Бас хотире зи ҳастии олам мушавваш аст,
«Ишқи гули заминӣ, агар поку беғаш аст,
Шаҳде шавад, ки марди тарабнок мехўрад.»

Як бор лутфи худ накардӣ ту ҳиссаам,
Дар маҳфили адаб нашунидӣ ту қиссаам,
Парво накардӣ аз ману аз сўзи ғуссаам,
«Афсўс, пир гаштӣ, надодӣ ту бўсаам,
Лаъли лаби ақиқи туро хок мехўрад»!

ДУБАЙТИҲО

Дасти ту бигирам, эй гули ман,
Ишқи ту пазирам, эй гули ман.
Таслияти қалби ман туӣ, ту,
Бар чашми ту мирам, эй гули ман.

Нури дили ман ту хушлиқоӣ,
Дар қалбу ба рўи дида ҷоӣ.
Ошиқ шудаам ба чашми мастат,
Эй кош ба пурсишам биёӣ.

Маро бар ёди худ ҳаргиз наёред,
Зи дида ашк дар маргам наборед.
Маро куштеду дар худ гўр кардед,
Кунун осуда дар хокам гузоред.

Занад ғам аз дили тангам забона.
Ба дил ёди ту монад ҷовидона.

пешина
аз 103
навбатӣ