Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Гар надорӣ дар дил оҳеву ғаме,
Мезанад арвоҳи пирони сухан».

Гар надорӣ майл бар ҷому мае,
Бошӣ дар дар дасти замон бозичае,
Бошӣ ҳамчун кўзаи бишкастае,
«Бесарупо бигзариву бепае,
Сар набозӣ гар ба поёни сухан».

Роҳ бар бар водии шўру ҷунун,
Бош бар қалби вафоҷў раҳнамун,
Хешро дар варта бинмо сарнагун,
«Доғи дилро боғи дил кун бо фусун,
То набошӣ доғи домони сухан».

По бинеҳ бар кўчаи афсуни дил,
Деҳ тасалло ҳолати маҳзуни дил,
Даҳр кун сероб аз Ҷайҳуни дил,
«Хуни дил хур, хуни дил хур, хуни дил,
Маҷлиси май нест майдони сухан».

Доимо монӣ дар ин олам ҷавон,
Гардӣ андар зиндагонӣ комрон,
Дастҳоят мерасад бар осмон,
«Сар барорӣ аз гиребони замон,
Гар бигирӣ аз гиребони сухан»...

МЕКУШАД ОХИР МАРО
Мухаммас бар ғазали Лоиқ Шералӣ

Нури ҷонам, бевафоӣ мекушад охир маро,
Дарди сахту бедавоӣ мекушад охир маро,
Мушкилоти роҳпоӣ мекушад охир маро,
«Ҳусни ту бо дилрабоӣ мекушад охир маро,
Дарди ту бо худнамоӣ мекушад охир маро».

Донӣ ранҷи қалбу оҳи сарду бедармониям,
Дар сари кўи ту, эй хушчеҳра, саргардониям,
Васли худро соз боре, дилбаро, арзониям,
«Нест ғайри дурият дар толеи пешониям,
Васли ту бо норавоӣ мекушад охир маро».

Ҷуз хушии ту набояд тахту тоҷу махзанам,
Ҳамчу кирми пилла дар гирди сароят метанам,
Қалби худро пеши поят оқибат меафканам,
«То туро аз даст додам, даст бар сар мезанам,
Ишқи ту бо норизоӣ мекушад охир маро».

Ёд кун, ёри азизам, аз дили озурдагон,
Дар хуморат сўи гўри тор ҳасратбурдагон,
Рез оби меҳр андар решаи пажмурдагон,

пешина
аз 103
навбатӣ