ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
«Ҳеҷ бокам нест аз чашми бади дилмурдагон,
Чашми ту бо ошноӣ мекушад охир маро».
Хешро дар роҳи ишқат арчи афсурдам, дареғ,
Чун гиёҳи ташнае беоб пажмурдам, дареғ,
Ҳасрати васли туро бар хоки тар бурдам, дареғ,
«Марги зебо буд гар пеши ту мемурдам, дареғ,
Ошиқӣ андар ҷудоӣ мекушад охир маро».
Субҳи худро мекунам бо зикри номат ибтидо,
Афканӣ охир маро бар хоки тар, эй дилрабо,
Кун қабул ишқи маро, аз худ макун моро ҷудо,
«Ҳар худоҷўе, ки буд, мемурд дар роҳи Худо,
Бехудӣ ё бехудоӣ мекушад охир маро».
СУХАН
Мухаммас бар ғазали
«Барои Бозор Собир»-и Лоиқ Шералӣ
Гар халад бар дидаам хори сухан,
То абад ҳастам харидори сухан,
Дорам андар ҷайб тўмори сухан,
«Нест осон бурдани бори сухан,
Сода набвад ин ҳама кори сухан».
Мерасад аз синаҳо ғул-ғул маро,
Мекашад бар сўи худ булбул маро,
Мебарад то сояи сунбул маро,
«Аз гули хору зи хори гул маро,
Карда мафтуни гулу хори сухан».
По намондӣ ҷониби кўи касе,
Тар накардӣ ҳалқ аз ҷўи касе,
Ҳарфи дилро гуфтӣ бар рўи касе,
«Аз хасе дарёфтӣ бўи касе,
Аз пари коҳе – пару боли сухан».
Зиндагиро борҳо санҷидаӣ,
Аз ситамҳояш басо ранҷидаӣ,
Аз хушиҳояш ту дил бибридаӣ,
«Эй бас озори сухан ҳам дидаӣ,
То биёбӣ сирри осори сухан».
Бар дили гулбоғ овардӣ сафо,
Синаи пурдардро гаштӣ даво,
Шоми дилро кард шеърат дилрабо,
«Қадри шеър афзуд чун нарху наво,
Аз туфайли ту ба бозори сухан».
Баҳри мардум гавҳари кон медиҳем,
Дарси хуб аз аҳду паймон медиҳем,
Рўзи худ дар пои армон медиҳем,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё