Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

«Ҳар қадар рост бигўӣ, ба хато мепечӣ,
Равӣ ҳар қадр ба боло, ба бало мепечӣ.»

Мавсими айшу тараб ҳаст агар фасли баҳор,
Боданўшӣ куну ҷоми тараб аз каф магзор,
Бўса бистон зи кафи пою рухи хуби нигор,
«Дар ҷавонӣ ба қади сарви тару тозаи ёр,
Фасли пирӣ ба қади хушки асо мепечӣ.»

Шоҳро хуш набувад силсилаи дарвешӣ,
Мебарад сўи хатоӣ ҳамаро бадкешӣ,
Борад андар сари мо сели бало дилрешӣ,
«Баъди бехешиву бекешиву хомандешӣ
Чун пушаймон шавӣ аз худ, ба худо мепечӣ.»

Рўҳи ваҳдат шиканад, халқ пароканда шавад,
Нопадид аз рухи мардум гуҳари ханда шавад,
Вои он мард, ки бар нафси дағо банда шавад,
«З-осмон дастату поят зи замин канда шавад,
Аз ҷазо гар бигурезӣ, ба қазо мепечӣ.»

Раҳм н-орад ба касе даҳр, кунад ранҷурат,
Нангарад охири ҳар кор ду чашми кўрат,
Мекунад дасти қазо аз ғами даврон дурат,
«Гар насўзӣ ба ғами халқ, бисўзад гўрат,
Шодии халқ нахоҳӣ, ба азо мепечӣ.»

Ҷода бехор бувад баҳри каси хушпиндор,
Сари бадхоҳи касон мезанад андар девор,
Дар замини дили мо донаи бадхоҳӣ макор,
«Ба ту мегўяму бар хешу ба ҳар каҷрафтор:
Аз раҳи рост бароӣ, ба куҷо мепечӣ?»

АРМОНИ СУХАН
Мухаммас бар ғазали Лоиқ Шералӣ

Дар дили худ дорӣ армони сухан,
Сар бинеҳ бар зери фармони сухан,
Дил мадеҳ бар роҳи осони сухан,
«То наёбӣ, ҷони ман, ҷони сухан,
Чун гадоён мехурӣ нони сухан».

Эй, ки меҷўӣ дар ин олам шукўҳ,
Монӣ дар ҳар лаҳзае андар сутўҳ,
Оварад бехобият файзу футўҳ,
«Медавӣ якумр гирдогирди кўҳ,
То наёбӣ маншаи кони сухан».

Гар ба дарди худ наҷўӣ марҳаме,
Гар равӣ бар сояи бешу каме,
Гар нахоҳӣ ёрие аз ҳамдаме,

пешина
аз 103
навбатӣ