ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Зистем як умр мо ҳамчун гиёҳи бенумў,
Лолаи армонамон холӣ буд аз ҳар рангубў,
Хешро пиндоштем аз ҳар каси дигар накў,
«Осмоно, хориям меояд, эй дод, аз чӣ рў
Нотавону ноҷавону ноҷасур афтодаем???»
ЗИНДАГИСТ
Мухаммас бар ғазали зебои Лоиқ Шералӣ
Ҳар ҳарфи ҷонфазои ту афкори зиндагист,
Нури ҷамоли дилбарат ашъори зиндагист,
Дар ҳар нигоҳи беғашат осори зиндагист,
«Дидори ту барои ман дидори зиндагист,
Ғамҳои ту барои ман ғамхори зиндагист.»
Иршоди ту бас аст, ки ман зиндагӣ кунам,
Авроди ту бас аст, ки ман зиндагӣ кунам,
Эҷоди ту бас аст, ки ман зиндагӣ кунам,
«Як ёди ту бас аст, ки ман зиндагӣ кунам,
Ёдат чу ёди бахт мададгори зиндагист.»
Хуршеди ман ниҳон машав ҳаргиз ба зери меғ,
Рухро барои мо намо як бор аз ситеғ,
Бе лутфи дилрабои ту бошам ба зери теғ,
«Ду чашми ту бас аст, ки якумр бедареғ
Донам, ки ишқ нашъаи саршори зиндагист.»
Бадтар зи пушти сангаре дурии мову туст,
Бемори рўи бистаре дурии мову туст,
Чун хонаҳои бедаре дурии мову туст,
«Аммо дареғи дигаре дурии мову туст, –
Дурии мову туст ё асрори зиндагист.»
Арчанд ки намекунӣ боре маро суроғ,
Аз бода пур намекунӣ ин ҷому ин аёғ,
Бўи ту мерасад чу гул ҳар лаҳза бар димоғ,
«Мо як ниҳоли дутана-ҳамреша, дар ду боғ
Ин кори мову туст ва ё кори зиндагист?»
Охир давои ин дили бечора мекунем,
Ин захмҳои синаи худ чора мекунем,
Шодӣ ба рағми гунбади патёра мекунем,
«Аз рахнае ба ҳамдигар наззора мекунем,
Зеро ки дар миёни мо девори зиндагист.»
МЕПЕЧӢ
Мухаммас бар ғазали Лоиқ Шералӣ
Сари ҳар сахра нишинӣ ба садо мепечӣ,
Назди руд оӣ ба гулбонги наво мепечӣ,
Хизмати пир намоӣ ба дуъо мепечӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё