ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Худовандо, бароям раҳнамо шав,
Ки ёбам шеъри нопайдои Туғрал.
ШИКАСТӢ
Тавонистию рўҳамро шикастӣ,
Вуҷуди ҳамчу кўҳамро шикастӣ.
Шўкуҳе доштам дар синаи хеш,
Ба дашноме шукўҳамро шикастӣ.
Дилам мехост шарҳи дил нависам,
Ҳама лавҳи ҷурўҳамро шикастӣ.
Хаёлам сайр дар афлок мекард,
Ҳама файзу футўҳамро шикастӣ.
Дар аввал ҷисми зорам ғарқ кардӣ,
Сипас киштии Нуҳамро шикастӣ.
Маро кардӣ ту помол ҳамчу мўре,
На девори сутўҳамро шикастӣ.
Худоё, хайр дар олам набинӣ,
Ту, эй ноаҳл, рўҳамро шикастӣ.
ШИКВА
Дар сарои зиндагонӣ оҳи шабгир асту ман,
Андар ин арса ҳамеша панҷаи тир асту ман.
Ҳамчу мурғи риштабарпоям, намедонам чаро?
Пеши рўям бас дари қуфлеву занҷир асту ман.
Саъй месозам, ки рўзе вораҳам аз доми хеш,
Пои худ ҳар ҷо, ки монам, доми тазвир асту ман.
Дўстӣ кардам ба ҳар кас душманам гардиду бас,
Дар раҳи андеша умре хатти тақдир асту ман.
Дарди рўзафзуни дил аз хеш берунам барад,
Вартае дар пешу ҷустуҷўи тадбир асту ман.
Хостам, ки як нафас аз ин қафас берун шавам,
Роҳи тору пайкари озурдаи пир асту ман.
Чун надорам ҷои рафтан кунҷи гўрам орзуст,
Ҳар нафас, ҳар лаҳзае сад гуна тақсир асту ман.
Хори чашми дигарон гардидам аз хории хеш,
Хобро бурдам зи чашму хобу таъбир асту ман.
Офтоби ман наметобад ба иқлими ҳавас,
Деҳаи хурдеву субҳу шоми дилгир асту ман.
ШУКРОНА БОЯД КАРД
Ба ин айёми фаррухфоли худ шукрона бояд кард,
Ба рўзи неку бар иқболи худ шукрона бояд кард.
Зи пастиҳо ба сўи қуллаҳо парвоз бинмудем,
Ба парвози баланду боли худ шукрона бояд кард.
Дар он қасри мунаққаш офтоби бахт тобон гашт,
Аз ин рў бар хати омоли худ шукрона бояд кард.
Ҳазорон шукр, ки мо қаҳрамони беадад дорем,
Ба гурзи Рустаму бар Золи худ шукрона бояд кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё