Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба он марде, ки моро аз дами теғи аҷал бирҳонд,
Ба ҳарфи дилкушои фоли худ шукрона бояд кард.
Ба истиқболи ин ҷашни накў омодагӣ дорем,
Ба ин ҷашну ба истиқболи худ шукрона бояд кард.
Ҳама хубии олам шуд насиби миллати аъзам,
Азизонам, ба истиқлоли худ шукрона бояд кард.

НИШОН АЗ ОЛИ СОМОНӢ, БУХОРО

Қадамҷои азизонӣ, Бухоро,
Нишон аз Оли Сомонӣ, Бухоро.
Лаби Ҳавзи ту гулгашти Мусаллост,
Ба қиммат беҳтар аз онӣ, Бухоро.
Ситорамоҳихоса хуш биҳиштест,
Зи нури хоси ҷононӣ, Бухоро.
Биёяд бўи меҳр аз гарди хокат,
Макони илму ирфонӣ Бухоро.
Нигаҳбонӣ кунӣ амволи таърих,
Хушам аз ин нигаҳбонӣ, Бухоро.
Ба шабҳои дили шўридаи ман,
Радифи моҳи тобонӣ, Бухоро.
Ба Сино ту пари парвоз додӣ,
Ба Айнӣ мўниси ҷонӣ, Бухоро.
Зи ҳар хорат расад бўи муҳаббат,
Муҳаббатзоди давронӣ, Бухоро.
Сароям рўзу шаб дар васфи ту шеър,
Ки бар ман кони армонӣ, Бухоро.

ПАЙДО НАКАРДААМ

Нури манию ҳамчу ту пайдо накардаам,
Дилро асири зулфи сумансо накардаам.
Умеди вопасини ман дар зиндагӣ туӣ,
Худро асири бодаю саҳбо накардаам.
Рўзе, ки дидаам туро, гаштам асири ҳусн,
Меҳри касе ба синаи худ ҷо накардаам.
Имрўз ишқи ту маро бо хеш мебарад,
Рўям ба сўи соғару саҳбо накардаам.
Нози ту мебарад дилам дар боли ишқи худ,
Чашмони дил ба ҷониби кас во накардаам.
Исми ту дар забони ман бошад тамоми умр,
Ҷуз ту талоши давлати дунё накардаам.
Соатшуморӣ мекунам, то бинамат ба ком,
Аз боғи ғайр ғунчае савдо накардаам.
Овози ту ба гўши ман ояд чу савти най,
Аз ту ба ҷуз висол таманно накардаам.

МОҲИ ҶАҲОНОРОИ МАН

Эй дилбари зебои ман, рўзат ба хайр, шомат ба хайр!
Моҳи ҷаҳонорои ман, рўзат ба хайр, шомат ба хайр!

пешина
аз 103
навбатӣ