ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Ҷўшад аз ҳар сари мў чашмаи армону умед,
Бода бар ҷоми ҳама хушназарон меояд.
Шаби Қадраш шаби ихлосу вафову тараб аст,
Аз дари мағфираташ гавҳари кон меояд.
Мазраи қалб шавад сабз зи борони савоб,
Сўи ин мазраъа бас оби равон меояд.
Хонаи дил шавад аз ламъаи рўяш пурнур,
Роҳат, ар металабӣ, роҳати ҷон меояд.
САНГ АНДОЗЕМ...
Дар тазмини ғазали Аъзами Хуҷаста
Бо танаффур бар забон орем номи якдигар,
Бе алайк монем дар ҷода саломи якдигар.
Он қадар аз бухлу кина синаро окандаем,
Бурдаем аз хотири худ эҳтироми якдигар.
Мо зи молу ҷоҳи худ ҳардам таманно мекунем,
Садқаву банда нагардему ғуломи якдигар.
Мекунем бузбозиҳо дар арсаҳои зиндагӣ,
Дар дами сахтӣ нагирем аз лаҷоми якдигар.
Нўшдору мо намесозем бар ҳам пешкаш,
Заҳр мерезем аз кина ба ҷоми якдигар.
Дасти ёронро ба варта мекунем аз каф раҳо,
Мешавем чун сайд қурбонии доми якдигар.
Дар маҳофил мо намеронем аз ваҳдат сухан,
Ташнаи хуни ҳамему интиқоми якдигар.
Бо каломи ошноӣ кори душман мекунем,
«Санг андозем, ҳар дам рўи боми якдигар.»8
СЎХТ
Савдои муҳаббат дили беҳосили ман сўхт,
Гул ҷустаму аз бори ҳасодат гили ман сўхт.
Дар киштаи ман нахли вафо ҳеҷ насабзид,
Сангу гияҳу нахли тари соҳили ман сўхт.
Дар панҷаи танҳоӣ басе ранҷ кашидам,
Дар роҳи талаб силсилаи маҳмили ман сўхт.
Кошонаи иқбол ҳамеҷустаму аммо
Аз тири қазо бому дари манзили ман сўхт.
Аз ҳарфи вафо то ба абад гўша гирифтам,
Хуб шуд, ки ин тантанаи ботили ман сўхт.
Дар кохи саодат нарасидам ба дари ў,
Аз бахти баду қисмати бад қандили ман сўхт.
Дар маҳфили андеша аҷаб ранҷ кашидам,
Аз барқи нигаҳ шамъи хуши маҳфили ман сўхт.
Аз ман хабаре з-ин дили бемор мапурсед,
Эй бехабарон, з-оташи беҳад дили ман сўхт.
ХАЛҚИ ТУ ДИЛФИГОР, ЭЙ КОБУЛ!
8
Мисраъ аз Аъзами Хуҷаста

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё