ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Халқи ту дилфигор, эй Кобул!
Вои ин рўзгор, эй Кобул!
Дашти Арчии ту сияҳпўш аст,
Дар дили навбаҳор, эй Кобул!
Тифл хобад даруни ҳавзи хун,
Бо ду чашмони чор, эй Кобул!
То ба кай ҷанг, то ба кай даҳшат?
Хешро созӣ хор, эй Кобул!
Як ба як тифлакони зебоят,
Куштаи интиҳор, эй Кобул!
Болӣ аз кишти кўкнори хеш,
Мазраи маргбор, эй Кобул!
Шаби ту ҳаст шоми пурдаҳшат,
Рўзи ту шоми тор, эй Кобул!
Ку даҳо, ку ҳукумату қонун?
Ҳаққи худ бар каф ор, эй Кобул!
Гирям аз дуриҳо ба ёди ту,
Шаҳри овозадор, эй Кобул!
Модарон тифли хеш меҷўянд,
Баъди ҳар инфиҷор, эй Кобул!
ДОИШ-и хоки ту кунад маскан,
Шарм аз хеш дор, эй Кобул!
Модари хеш мекушад толиб,
Ашк аз дида бор, эй Кобул!
Ку дигар қаҳрамони меҳандўст?
Ки кунад корзор, эй Кобул!
Сулҳ орад барои халқи хеш,
Кош як шаҳсавор, эй Кобул!
Хоҳам аз ҷон барои ҳар тифлат,
Сулҳи ояндадор, эй Кобул!
ЧАРО?
Эй фалак, моро гирифтори хатар кардӣ чаро?
Рўзу шаб побанди дарди пою сар кардӣ чаро?
Ношукуфта дар лаби мо ғунчаи боғи умед,
Ноумед аз хеш, эй бедодгар, кардӣ чаро?
Базми мо бе шамъи рўи дўстон ҳеҷ аст, ҳеҷ,
Дур аз мо ламъаи шамсу қамар кардӣ чаро?
Сели бедоди ту созад хонаи ҷонро хароб,
Ҷисми моро бар дифои худ сипар кардӣ чаро?
Хаста гардидему пеши роҳи мо танг асту тор,
Дилпарастонро ба ҳасрат навҳагар кардӣ чаро?
Дар хаёли ошён афсонаи мо шуд тамом,
Ошиқонро чўҷаи беболупар кардӣ чаро?
Аҳли донишро накардӣ ёд боре аз карам,
Сифлагонро ҳар куҷо бологузар кардӣ чаро?
Боз мепурсам зи ту, эй сифла, эй аъдои ҷон,
Умрҳо моро гирифтори хатар кардӣ чаро?
ЧИСТ ИСТИҚЛОЛ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё