ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Қабри ў гулпўшу қабри ту нагардад хокпўш,
Хок донад қимати гўши гарони мурдаро.
Номи Айнӣ дар ҷаҳони маърифат дорад мақом,
Мехурӣ бо фахр ҳардам ошу нони мурдаро.
Бо ҳуруфи талху бо ҷамъи дағобозии хеш,
Зиндатар созӣ ту номи шоирони мурдаро.
НАВРЎЗ ШУД...
Дилбар баҳороғўш шуд, Наврўз шуд, Наврўз шуд,
Дашту даман гулпўш шуд, Наврўз шуд, Наврўз шуд.
Мутриб наво оғоз кард, мурғи тараб парвоз кард,
Дай рафт аз сар дўш шуд, Наврўз шуд, Наврўз шуд.
Соқӣ, майи нобат куҷост? Имрўз нўшидан равост,
Айёми нўшонўш шуд, Наврўз шуд, Наврўз шуд.
Дил рақс карду шод гашт, аз банди ғам озод гашт,
Сад чашмае дар ҷўш шуд, Наврўз шуд, Наврўз шуд.
Булбул сарояд дар чаман, дунё хуш аст аз настаран,
Гул ҳалқаи ҳар гўш шуд, Наврўз шуд, Наврўз шуд.
Эй содиқон, эй содиқон, саҳрои қалби ошиқон,
Аз сабза махмалпўш шуд, Наврўз шуд, Наврўз шуд.
ҚОМАТИ ДИЛҶЎИ ЗАН
Як мард имрўз дар шаҳри
Истаравшан занашро дар
пеши чашми мардум кушт
Аз хабарҳо
Бишканад дасте, ки боло мешавад бар сўи зан,
Кўр бод он дидае, ки нангарад бар рўи зан.
Дар ҷаҳон ҳаргиз набинад рўи осоиш даме,
Саҷда н-орад ҳар касе бар тоқи ду абрўи зан.
Деви дад ҳам бар сари зан мушт боло кай кунад?
Банда мегардад ба сарви қомати дилҷўи зан.
Зан кӣ ҳаст? Зан модар асту хоҳар асту дилбар аст,
Мечакад ширу шакар аз лаъли ширингўи зан.
Қалби занро пора кардан нест оини сагон,
Тўтиёи дидаи худ соз хоки кўи зан.
Дар қатори одамон набвад тиҳимағзе, ки ў
Масту лояъқил нагардад ҳар нафас аз бўи зан.
Аз ҷаҳони дун барад бо хеш чандин ормон,
Он ки ҳар соат намегирад ба дасташ мўи зан.
Зан бувад чун чашмаи ҷўшандаи оби ҳаёт.
Ташнагиро рафъ созад лутфи чун Омўи зан.
РАМАЗОН МЕОЯД
Ғарқа дар нури Илоҳӣ Рамазон меояд,
Хабаре аз гули гулбоғи ҷинон меояд.
Аз дари савмааи меҳр ба ихлоси тамом,
Гўши ҷонро нафаси бонги азон меояд.
Рўза пайкест, ки ошиқ бирасад бар маъшуқ,
Имтиҳонест, ки бар пиру ҷавон меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё