Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кунадат дастёрӣ, эй Кобул!
Сулҳхоҳон ҳамеша ёри туянд,
Мону кун пойдорӣ, эй Кобул!

МЕҲРИ ДИЛ

Меҳри дил овардаам имрўз бар сўи Шумо!
Лоласон бошад шукуфон доимо рўи Шумо!
Дар дилу дар дидаи даврон Шумо ҷо ёфтед,
Оби ҳикмат ҳаст ҷорӣ дар дили ҷўи Шумо.
Шаҳри моро дилрабо кардед дар пеши назар,
Нагҳати гул мерасад аз боғи дилҷўи Шумо.
Дар дили ман меҳратон нақш аст, эй ёрони ҷон,
Гарди ғам ҳаргиз наояд сўи абрўи Шумо.
Боварии халқро ҳоло ба каф овардаед,
Бўи меҳр ояд ба сўи халқ аз кўи Шумо.

МОДАРАМ БЕМОР АСТ

Модари хушназарам бемор аст,
Ҷигарам дар ғами ў афгор аст.
Ҷисми ман дар ғами ў месўзад,
Ҳастияш лаҳзаи нотакрор аст.
Дар димоғам набувад нагҳати гул,
Гул ба пеши назарам чун хор аст.
Дар сари болини бемории ў,
Дидаам то ба саҳар бедор аст.
Кош як бори дигар бархезад,
Доруи синаи ғамбемор аст.
Тарабу шодию дармонам буд,
Бе рухаш хуррамӣ нодаркор аст.
Зиндагӣ кардани ман дар олам,
Бе садои хуши ў душвор аст.
Эй Худо, дарди варо дармон деҳ,
Лутфи ту мўниси қалби зор аст.

МУРДАСИТЕЗ
Барои Айниситезон ва ононе, ки рўҳи мурдагонро бо ғайбат меозоранд.

Мекашӣ аз гўр то кай устухони мурдаро?
Пеши рў н-орӣ ту ҳоли нотавони мурдаро.
Зиндаат ҳатто наарзад дар баҳои хоки ў,
То ба кай озорӣ ту рўҳи равони мурдаро?
Хешро пиндорӣ андар ҷода марди қаҳрамон,
Санг андозӣ, ҳасудо, қаҳрамони мурдаро.
Бадзабоно, аз забондонии худ ҳаргиз малоф,
Андар ин олам намедонӣ забони мурдаро.
Айнӣ буд, оинаи гетинамои халқи ман,
Маҳв кардан кай тавонӣ ту ҷаҳони мурдаро?
Нест дар дунёи ирфон Айниосо зиндае,
Мурдақалбо, резахор афтодӣ хони мурдаро.

пешина
аз 103
навбатӣ