Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

То ба кай аз қонуни танзим меоӣ бурун?
Эй сафарнодида, азми кадхудоӣ мекунӣ.

МЕПАРАСТАМ ДАСТАИ ПУЛ
(Ҳазл)

Пул бувад чун ҷони одам,
Чеҳраи хандони одам.
Ранги сурху қалби беғам,
Дорую дармони одам.
Мепарастам дастаи пул,
Қабза-қабза бастаи пул.

Ҳар кӣ пулдор аст, волост,
Паҳлавон асту тавоност.
Бо сари ҳамчун кадуяш,
Назди мардум марди доност.
Мепарастам дастаи пул,
Қабза-қабза бастаи пул.

Пул бувад зиндон нагардӣ,
Бандаи фармон нагардӣ.
Шинӣ дар курсии роҳат,
Дар паи ҷонон нагардӣ.
Мепарастам дастаи пул,
Қабза-қабза бастаи пул.

Бачаат аскар нагардад,
Бе кару бе фар нагардад.
Шишта дар «Лексус», на «Лада»,
Ошиқи духтар нагардад.
Мепарастам дастаи пул,
Қабза-қабза бастаи пул.

Пул агар бошад ту мардӣ,
Рўи олам раҳнаврдӣ.
Пул набошад бошӣ беқадр,
Дар баҳо камтар зи гардӣ.
Мепарастам дастаи пул,
Қабза-қабза бастаи пул.

Баҳри худ олам биёфар,
Дуздӣ куну пул биёвар.
Баҳри ҳар як тангаи муфт,
Аз дили кўҳ сар баровар.
Мепарастам дастаи пул,
Қабза-қабза бастаи пул.

Пул бимонӣ баҳри ворис,
Нестӣ ту марди ноқис.
Пул ба даст ору нишин шод,
То насозӣ дардро ҳис.

пешина
аз 103
навбатӣ