ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Бо ҳаромзодон зибас якҷо шудӣ,
Нокасу ноаҳлу бепарво шудӣ.
То ба ҳоло будӣ инсони шариф,
Бо бадон биншастию расво шудӣ.
Гуфта будам, некию некўсиришт,
Дар ҳақат ҳаргиз нагуфтам ҳарфи зишт
Чун ба чашми имтиҳон дидам туро,
Дўзахӣ ҳастӣ, на аз аҳли биҳишт.
Бар суроғи ту наоям ҳеҷ раҳ,
Нек донистам, ки ҳастӣ дилсияҳ.
Мекунам дар ҳаққи ту акнун дуо:
Тўъмаи море шавӣ, афтӣ ба чаҳ.
Эй хатоандеш, одам нестӣ,
Бар дили бемор марҳам нестӣ.
Чеҳраи туршат намефорад ба кас,
Нокасӣ, аз деву дад кам нестӣ.
Васфи ту созам кунун боби китоб,
Қиссаат гўям ба мардум бешитоб.
Оқибат шарманда месозам туро,
Мебарам аз чашми олуси ту хоб.
Дар ями мотам нишинӣ, эй хабис!
Шодие ҳаргиз набинӣ, эй хабис!
Орзумандам, ки аз боғи ҳавас,
Мевае бе ғам начинӣ, эй хабис!
ТЎЮ ХУДОӢ МЕКУНӢ
Барои вайронкунанагони қонун
Дузди беандешаию порсоӣ мекунӣ,
Нестӣ гандум, вале гандумнамоӣ мекунӣ.
Тифли ту ҳар субҳ мегиряд барои дафтаре,
Ҳайфам ояд, чун амалҳои риёӣ мекунӣ.
Нест андар хонаат пайдо яке ҷилди китоб,
Тўҳфа бар фарзанд мобили хитоӣ мекунӣ.
Раҳзанию хешро тороҷ созӣ ҳар баҳор,
Қарздорию вале тўю худоӣ мекунӣ.
Баъди ҳар тўю худоӣ то раҳӣ аз қарзи хеш,
Ё ба Маскав меравӣ, ё ки гадоӣ мекунӣ.
Ҳофизони «номӣ» -ро дар базми худ созӣ талаб,
Пеши рўи пиру барно худнамоӣ мекунӣ.
Духтаратро бахшӣ тиллою ҷиҳози беҳисоб,
Камбағал ҳастию лек оҳанги боӣ мекунӣ.
Аз ҳадису ҳарфи Қуръон ғофилӣ, эй содалавҳ,
Гўш бар ҳарфу ҳиҷоҳои ҳавоӣ мекунӣ.
Зўрат ояд мегурезӣ аз зану фарзанди хеш,
Баҳри пул аз хонадони худ ҷудоӣ мекунӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё