ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Дўсти ширинзабонам рафт, рафт,
Доғи ў то мағзи ҷонам рафт, рафт.
Буд дар шодию ғам моро шарик,
Меҳрпарвар меҳрубонам рафт, рафт.
Буд устоду рафиқу мўнисам,
Равшанӣ аз дидагонам рафт, рафт.
Ҳар куҷое буд, он ҷо ханда буд,
Гавҳаре аз нақди конам рафт, рафт.
Ростӣ дар зиндагияш пеша буд,
Сарви боғи ормонам рафт, рафт.
Қалби ман чун шиша бишкаст аз ғамаш,
Розгўю роздонам рафт, рафт.
Буд бо ман аз ҷавонӣ ошно,
Аз миёни дўстонам рафт, рафт.
Даҳр бе ў гашт баҳрам тангу тор,
Он ягона қадрдонам рафт, рафт.
ХУДО САБРАТ ДИҲАД...
Таслияте барои дўсти сухандонам Сабурхони Амонулло дар ҳалокати писари ягонааш Некрўз
Худо сабрат диҳад, ҷони бародар,
Ки фарзанди ту аз дори фано рафт.
Ба зери хоки тира хуфт, эй воҳ,
Ба ҳасрат ҷониби дорулбақо рафт.
Ба Русия сафар кард ў маҳе пеш,
Ки то орад ба хона як лаби нон.
Вале н-оварда нон маргаш фаро хонд,
Ба оғўшат кашидӣ ҷисми беҷон.
Насиби Некрўзат тирарўзист,
Чӣ мегўям бароят, эй бародар?
Кунун заҳри фироқи ў ба комат,
Насозӣ ҳеҷ бар маргаш ту бовар.
Нашуд рўзӣ, ки орӣ наварўсе,
Кунӣ дар тўи фарзанд шодмонӣ.
Пас аз ин тор шуд рўзи сапедат,
Вале бояд намудан зиндагонӣ.
Диҳад сабре Худо бар хоҳаронаш,
Нагирянд зор дар сўзи бародар.
Надорад арчи ин дард ҳеҷ дармон,
Даво бахшад Худо бар дарди модар.
Худо қабри варо пурнур созад,
Ҷавоби қабр созад баҳраш осон.
Ба маҳшар сурхрў аз хоб хезад,
Рухаш пурнур бод аз нури имон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё