ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа
Дилам дар мотами Бозор бигрист,
Барои шоири бедор бигрист.
Ҷаҳон дар пеши чашмонам сияҳ шуд,
Дилам такрор бар такрор бигрист.
Забонам вирд кардӣ номи шоир,
Танам дар қолаби хуншор бигрист.
Нигаҳбони «Забони модарӣ» рафт,
Ба ёдаш дафтари ашъор бигрист.
Замин бигрист андар марги шоир,
Само бар ламъаи анвор бигрист.
«Гули хор»-аш ба «Симхор» аст «Пайванд»,
На танҳо гул, барояш хор бигрист.
Ба ғам пайваст ў қишлоқакашро,
Ба ҳасрат ҳар дару девор бигрист.
Барои шоири миллат дар ин рўз,
Хуморӣ гашта сад Аттор бигрист.
Ба Мирзо рўҳи Айнӣ ин нидо дод:
Ки шоир рафту қалби зор бигрист.
Ба сўяш буд сад «Чашми сафедор»,
Ба ҳасрат мардуми бемор бигрист.
Садояш гашт андар сина пинҳон,
Ба маргаш булбули гулзор бигрист.
Ба хоки тар басо «Хуни қалам» рехт,
Зарифӣ, бо дили афгор бигрист.
Осмон мегиряду дар нола меояд замин,
Ёд аз Бозору аз шеъри Қаноат мекунад.
ПАДАРИ ШЕЪР ЗИ ДУНЁ БИГЗАШТ
Дар сўги устод Мўъмин Қаноат
Падари шеър зи дунё бигзашт,
Шаҳсавор аз бари саҳро бигзашт.
Кўҳи Помир бигиряд зи ғамаш,
Чашмаи поку мусаффо бигзашт.
Соғари шеър зи дасташ афтод,
Давраи соғару саҳбо бигзашт.
Ғам гиребони ман аз нав бигрифт,
Пири ашъори дилоро бигзашт.
Даҳр дар мотами ў мегиряд,
Паҳлавонмарди тавоно бигзашт.
Эй басо, шишаи дилҳо бишкаст,
Мўниси ҷумлаи дилҳо бигзашт.
Андалеби сухан аз чаҳ-чаҳ монд,
Ҳамдами ғунчаи зебо бигзашт.
Раг ба раг, мўй ба мў мегирям,
Аз ҷаҳон он яли якто бигзашт.
ДЎСТИ ШИРИНЗАБОНАМ РАФТ, РАФТ...
Дар ёди рафиқи бебаҳои ҷавониям, омузгори варзида, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷекат Бобосафар Неъматов

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё