Зеҳн
ЧАШМАИ НУР - ИСМОИЛ ЗАРИФӢ

Тасвири зебоиҳои Ватан, манзараҳои хуш, ишқи беолоиши зиндагӣ, тулўи офтоби муҳаббат, гиряву ханда, лутфу истеҳзо мавзўи асосии китоби адиби баркамол Исмоил Зарифиро ташкил медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 103 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чуноне ки то андозае мушоҳида кардем, дар ғазали мазкур низ ба монанди ғазалҳои дигарон шоир бо санъатҳои ҷолиби бадеӣ рози дили шоири ватандўст баён гардидааст.

ДОНИШМАНДИ БЕМАЪЛУМОТ

Иброҳими Наққош аз турфаи он донишмандонест, ки даргоҳи донишгоҳеро надидааст, вале корҳои илмиеро анҷом додааст, ки барои онҳоро анҷом додан солҳои зиёде даркор аст. Ў аз сабаби тангии зиндагӣ ва пирии падару бемории модар натавонист, ки таҳсилро дар мактаби олӣ идома диҳад, вале аз хурдсолӣ лаҳзае аз адабиёт ҷудо набуд. Ба хотири омўхтани осори боқимондаи бобокалонаш Маҳзунро хондану хаттотӣ намудан ба тариқи худомўзӣ алифбои арабиро омўхт.
Ў хаттоти чирадасте, шуд, ки на танҳо ашъори бобояш, балки ашъори боқимондаи шоирони минтиқаи Ҳафткўлро низ дар шакли том пешкаши халқ гардонд.
Китоби хаттотӣ кардаи ў «Баёзи Наққош» фарогири зиёда аз бист ҳазор байти адибони классик мебошад, ки профессор Абдуманнони Насриддин ба он баҳои баланд дода буд. Наққош онро дар тўли ҳафт сол тадвин намуд ва китоб аз 1200 саҳифаи ҳаҷман калон иборат аст.
Чандин китоб, аз он ҷумла китоби шеърҳои Фарзонаи Хуҷандиро хаттотӣ намуд.
Ҳамаи он маводҳоеро, ки бе ягон уммедворӣ ба чоп омода кардааст, бори аввал хонанда ба онҳо ошноӣ пайдо мекунад.
Нахустин китобе, ки Иброҳими Наққош бо хати крилӣ ба чоп омада намуд «Накҳати кўҳандиёри Ҳафткўл» ном дошт, ки намунаҳои осори боқимондаи Камолии Рашнагӣ, Маҳзуни Рашнагӣ, Ҷамолии Рашнагӣ, Маҳрами Рашнагӣ, Зарифии Рашнагӣ ва дигаронро дарбар мегирифт. Бори дуюм ин китоб ба тариқи мукаммал дар арафаи ҷашни 1150- солагии Рўдакӣ ба табъ расид.
Наққошро меҳри шеър ба гуфтани он водор намуд. Дар ибтидо барои бачагон шеър мегуфт. Шеърҳои ҷолиби бачагонааш хеле зиёд рўзномаю маҷаллаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ба хонанда пешниҳод гардидаанд. Дар ибтидо бо номи «Пиёла қандамро хўрд» маҷмўаи шеърҳояшро ба табъ расонд.
Чун ба дарёи беҳудуди шеъри Абулмаонӣ ғутта зад, дигар аз он берун омада натавонист ва дар ҳавои шеъри ноби Бедил ба гуфтани ғазал, рубоӣ ва мухаммас пардохт. Ҳаводорони шеъраш китобҳои ў «Саду як ғазал», «Шикасти ранг» ва «Садои хуфта»-ро хуб пазируфтанд ва дар андак муддат чун шоир ном баровард, вале чун тоифае худро ба дари Иттифоқи нависандгони Тоҷикистон назад. Ҳар кас дар ин бора сухан гўяд, посух медиҳад:

  • Ман худро лоиқ намеҳисобам, ки дар қатори Айнию Турсунзода ҷой диҳам.
    Ў шабу рўз машғули кор аст. Наҷҷори нотакрор буд. Чун ҳунари наҷҷории ў дар шаҳри Панҷекат дигар харидор пайдо накард, ба тиҷорати китоб пардохт. Дид, ки аз ҷое китоб харида фурўхтан суд намеорад, ба таълифи китоби дуъоҳо машғул гашт.
    Ёдам меояд, ки чанд сол пеш ҳардуро ҳаваси зиёрати ҷойҳои таърихии Хатлонзамин ба сар афтод. Вақти намози аср ба шаҳри Кўлоб расидем.
    Чун дар ин шаҳр на шинос доштему на ба шаҳр балад будем, масҷидеро дидему вориди он гардидем. Баъди адои намоз ба кўча баромадем ва назарам ба китобфурўше афтод, ки дар наздаш чанд мўйсафед меистоданд. Муаллифи аксари китобҳо Наққош буд. Ба мўйсафедон фаҳмонда гуфтам:
  • Иброҳим, худат ба шаҳри Кўлоб бори аввал омадӣ, вале китобҳоят аз ту пештар ин шаҳри таърихиро зиёрат намудаанд.
    Мўйсафеде нобоварона пурсид:
  • Рост бигў, ин шахс Наққош аст?
    Гуфтам:
    -Одати дурўғгўӣ надорам.
пешина
аз 103
навбатӣ