Зеҳн
МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ў ин суханҳоро дар шароите ба забон оварда буд, ки Тоҷикистон на сохторҳои неруманди қудратӣ дошт, на артиш дошт ва на мақомоти роҳбарии коромад!
Ҳамин худбоварӣ ва эътимод ба ҷасорату ҷавонмардии хештан буд, ки Эмомалӣ Раҳмон – ба хотири ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба мухолифатҳо – бидуни заррае тарс ба маҳалҳои хатарноки ҷанг ва ба гуфтушунид бо ифротитарин сардорони силоҳбадастон мерафт, аз ҳеҷ гуна сўиқасде ба ҷонаш ва эҳтимоли ҳалок гардидан намеҳаросид.
Ҳамин худбоварӣ ва такя ба истеъдодҳояш буд, ки Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузургеро, ки бисёриҳо имконнопазир мешумориданд, имконпазир кард, аз монеаҳое, ки мепиндоштанд рахнанопазиранд, гузашт, ба ҳадафҳое, ки барои аксар дастнорас менамуданд, расид.
Муҳимтарин нукта дар пирўзиҳои Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки илова бар ин ки худаш саршор аз худбоварӣ ва тавонмандиҳои маънавӣ аст, рӯҳияи худбовариро дар мардум низ бедор кард, ҳушмандию ибтикору эҳсоси масъулияти онҳоро ба ҳаракат овард, ҳамватанонро ба ҷидду ҷаҳд ба хотири бозшиносии ҷойгоҳи иҷтимоиашон ташвиқ намуд, ба мардум роҳи саҳеҳи расидан ба ҳадафҳоро нишон дод.
Шахсияти бисёрҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон, ахлоқи писандида, шуҷоат, мардонагӣ ва ҳамоҳангии қавлу амалаш боис шуданд, ки мардум ба ў зуд эътимод пайдо карданд. Зеро медиданд, ки ин сарвари ҷавон бо шоистагии як роҳбари сиёсии хирадпеша ниёзҳои асосии ҷомеаро ташхис медиҳад ва ба ҳаллу фасли ин ниёзҳо дар ҳадди имкон талош мекунад. Медиданд, ки ў бо мардум пайваста дар иртибот аст ва мехоҳад дардҳою ранҷҳои халқро аз наздик эҳсос кунад, то бо огоҳӣ аз воқеият хостаҳои афроди ҷомеаро ба таври матлуб пайгирӣ намояд.

пешина
аз 29
навбатӣ