МАКТАБИ СИЁСИЮ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ– ЧАРОҒИ РОҲИ РУШДУ ТАРАҚҚӢ

Бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 29 саҳифа
Фаъолияти пурбаракати Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмору бунёдкори бузурги Тоҷикистони навин дархури омўзишу таҳқиқи амиқтару бунёдитар мебошад.
Амиқтару бунёдитар аз баррасиҳое, ки муҳаққиқону пажӯҳишгарон то имрўз анҷом додаанд. Чунин таҳлилу омўзиши комилу ҳамаҷонибаро мактаби сиёсию давлатдории Эмомалӣ Раҳмон низ тақозо мекунад. Зеро мактаби сиёсии Пешвои миллат омили муҳимтарин ва асоситарини пешрафтҳои кишвар ва мардуми мо дар роҳи пурифтихори истиқлол аст. Маҳз аз файзи ин мактаб имрўз бар кишвари мо сулҳу оромӣ, ваҳдату самимият ва сафою садоқати ҳамагонӣ ҳукмфармост ва заминаҳои мусоид барои ҳама гуна кору кўшиши созанда фароҳам мебошанд.
Мактаби сиёсӣ, ки Пешвои миллат поягузорӣ кардааст, маҷмуе аз раҳнамудҳо, омўзаҳо, ҳидоятҳо мебошад, ки дар паёмҳо, суханрониҳо ва мақолаю китобҳои арзишманди таърихию фалсафии ў инъкос ёфтаанд ва дар онҳо ба ҳамаи масъалаҳои муҳими зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию ахлоқӣ метавон посухи мукаммал пайдо кард.
Ин мактаби сиёсӣ, ба маънои классикии ибора, таълимоти муназзами илмӣ ё мактаби назариявӣ намебошад, вале бо он саҳму нақши бузурге, ки дар тарбияи сиёсию маънавии мардум, бахусус ҷавонон, ифо кардааст ва мекунад, аҳамияту арзиши ҳар мактаби сиёсии анъанавиро хира менамояд.
Мактаби сиёсии Пешвои миллат усулҳо ва роҳнамоиҳои равшани ҳаракати мардуми Тоҷикистон дар масири тавсеаю тараққӣ ва пешрафтҳо дар ҳамаи арсаҳои зиндагии иҷтимоӣ, ба даст овардани иззату эҳтиром дар ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.
Арзишҳои муҳиме, ки дар ин ганҷинаи ҳикмат аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун пояҳои бунёдии ҳифзи истиқлол ва таҳкими давлатдорӣ баён шудаанд, қутбнамое барои наслҳои имрўзу оянда ба ҳисоб мераванд, ки пайравӣ аз онҳо бояд дар сарфасли фаъолиятҳои ҳамешагии афроди миллат қарор гиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё