Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
— Ба ҳар ҳол...
— Бисёр тахмин назада, давоми қиссаро шунав.
— Ба чашм!
— Ана ҳамин хел хушомад карда ист, — қаноатманд мегӯяд Ҳотамбек ва як сурфида, ҳикояташро идома медиҳад: — Ҳангоме камтар ба ҳуш омада, нахустин бор пай бурдам, ки банда ҳоло зиндаам, нохост ба гӯшам сураи ёсин расид. Чашмонамро базӯр нимкушода, дуртар аз худ хира-хира як шабаҳро дидам — яқин аз доираи ҳамон сиёҳӣ меомад овоз. Аҳволам бисёр бад будааст, ки бечораҳо мулло овардаанд, — омехта ба ноумедии шадид аз дил гузарондам ман. Баъд фаҳмам, дар воқеъ мемурад гуфта, хонаро ҳам ба тартиб андохтаанд. Мазмун, янгаат бо кӯмаки хешу табор аз ҳар ҷиҳат барои гӯрондани соҳиби сараш тайёр шудааст. Сад фоиз... То даме як зарра мадор ёфта, ба имову ишора нафаҳмондам, ки бас кунед акнун, ҳай ёсин мехонданд. Овози борики мулло беҳад хунук мерасид ба гӯшам. Мурдан намехостам, охир!
Умуман аҷоиб буд бемории акаат, ҳарро хандаву бузро гиря буд, саропо як масхара буд, мазоҳ буд... Ҳама — чӣ аҳли оила, чӣ ёру рафиқ, чӣ духтур, чӣ хоҳари шафқат ё фаррош... — хуллас, лозим донанд, худову беҳуда ҳама гап мезаданду ман не. Чунки ҳатто лаб кушода наметавонистам, гунг будам, тароша барин шах будам.
Дигар бӯи умед нест, — мегуфт яке, хости Худо, .
— мегуфт дуюмӣ, ба сабру тоқат даъват менамуд сеюмӣ... Онҳоро шунида-шунида, маро асосан хоб мебурд. Вақти бедорӣ медидам, ки зуд-зуд тирезаро кушода мемонанд. Ва палата пури магас мешуд. Янгаат, берӯзӣ, даҳону биниашро ҳар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё