Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
— Чанд рӯз хобонданд?
— Зиёда аз бист рӯз! — ба оҳанги ифтихор ҷавоб мегардонад Ҳотамбек. — Се-чор рӯзи аввалро тамоман дар хотир надорам. Баъд кам-кам дарёфтам, ки ҳанӯз ҷони зиндаам. Чӣ хел аз кали Анвар катарин харидам, чӣ хел дар пеши магазинамон дар ҳузури Исматулло арақ хӯрдам, чӣ хел дар сари замин ба Саидвалӣ дучор омада, қаҳролуд даст ба зарфи пур аз чой бурдам... низ тадриҷан пора-пора ба ёдам расид. Гоҳо чашмонам кушода буданд, лекин гап зада наметавонистам, мадори ҷунбидан ҳам надоштам. Дар қонаки биниям рӯдаи борик, ҳозирон чӣ мегӯянд, — баръало мешунидам, идрок мекардам, аммо худам гунг будам. Зуд-зуд гӯшҳоям ҳуштак кашида, хаёлам, ки аз тазйиқи дард косахонаи сарам метаркид. Бо вуҷуди ин зӯр зада, мехостам аз ягон чиз бехабар намонам, дар айни замон фаҳмонам, ки ман зиндаам, умедашонро накананд — дилам, охир, бақувват! Духтур ҳам возеҳ гуфт-ку: дилаш агар тоб оварда тавонад, зинда мемонад, дар акси ҳол... афсӯс, мо дигар илоҷ надорем. Чунин буд хулосаи духтур. Яъне ин тарафаш аз худам вобаста. Пас тоб меорад дили ман! Худо хоҳад, ба ҳар бало тоб меорад...
— Офарин! — беихтиёр хитоб мекунад Нозилҷон. — Ту ҳамеша сахтҷон будӣ. Ҳатто аз баландтарин дарахт афтида, ҳеҷ воқеа рӯй надодагӣ барин тохта ба по мехестӣ. Аслан аз ту ҳаракат, аз ман баракат, гуфтаанд. Часпу талошатро дида, Худои карим яқин раҳматро хӯрдааст. Вагарна имрӯз мо, ҷӯраҳо, бе ҳазлу шӯхиҳои ту чӣ кор мекардем!
— Илоҷатонро меёфтед. Дар ин дунёи пурғавғо ҷои ягон кас холӣ намондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё