Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
ҳол пай набаранд...
— Девор агар афтад, дарун афтад гуфта, хостааст қиссаи туро пинҳон дорад.
— Албатта, олуда дар он бӯи бад ҷон ба ҷаббор диҳам, оқибаташ чӣ мешуд?! Ба зоту зурётам исноде меовардам, ки якумр аз ёди мардум намерафт.
— Ҳар чӣ бошад, муҳиммаш — зинда мондӣ.
— Хулоса, онҳо ба даҳонам паёпай шир рехта, муддате интизор меистанд, ки банда беҳбудӣ меёбам, ё не...
— Ту ягон чизро дар хотир надорӣ?
— Куҷо! — гардан ёзонда, мад мекашад Ҳотамбек. — Гуфтам-ку: мурда будаам, мурдаи ғассол... Баъд мебинанд, ки не-е, баданам ғарқи арақи сард, шири хӯрондаашон аз даҳону биниiam омада, хона пур аз бӯи катарин, ба дами назъ расидаам, ҳамин ҳозир ҷон медиҳам. Бечораҳо ноилоҷ монда, табобатро дигар бас мекунанду ҷасади ин акаатро кӯдак барин боз дар гаҳвораи ҳамон мотосикл андохта, саркану покан ба беморхона мебаранд.
— Нағз, ки ақлашон гирифтааст.
— Янгаат тақозо мекунад. Овоза нашавад, иншоаллоҳ, ба худ меояд гуфта, боҷаам аввал бурдан намехостааст.
— Бечора Саидвалӣ...
— Ҷони одам аст, — хушҳол мегӯяд Ҳотамбек. — Вагарна дидори ману ту дар қиёмат мемонд.
— Якумр бояд аз вай миннатдор бошӣ, — мутаассир ба забон меорад Нозилҷон.
— Саидвалӣ дар беморхона ҳам хизмати бисёр кард. То сари по нахестам, дар гирдам парвона буд хонаобод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё