Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
дорам, ки – намедонам кай – ана чой, гуфтам. Ана... ниҳоят, ташнагӣ мешиканам. Баъд хоб меравам, хоб... Ва он зарфи пур аз катаринро, ки яқин дар паҳлуям ғелида буд, худам бехабар чанг зада гирифтаму ҳамоно ба лаб бурдам. Та-мом, дигар чизе дар хотирам намондааст. Маъ-лум шуд, ки наздики як ҳафта...
– Тавба! – ба оҳанги таассуф калла меҷунбо-над Нозилҷон. – Ҳамин қадар беҳуш будӣ, а?!
– Беҳушӣ ҳам гап? Мурда будаам, мурдаи ғассол... – оринҷашро аз болин гирифта, боз чор-зону мезанад Ҳотамбек.
– Нағз, ки дар он ҷо ба Саидвалӣ вохӯрдаӣ...
– Рост мегӯй, – сухани Нозилҷонро бурида, вай гӯё худаш идома медиҳад: – Агар не, ҳаром мемурдам.
– Баъд чӣ?
– Чӣ мешуд баъд? Ҳоло пӯсида, аз ҳам ме-рехтам дар гӯри торик.
– Ман ин оқибати вазнинро дар назар надош-там, – табассум мекунад Нозилҷон. – Фақат до-нистан мехостам, ки ба кадом насақ раҳо ёфтӣ аз ҳалокат.
– Тафсилоташро аз Саидвалӣ пурс, – лоқайд мегӯяд Ҳотамбек. – Аз рӯи шунидам ҳамин қадар медонам, ки вай маро саросема ба гаҳвораи мо-тотсиклаш андохта, дартоз хона меорад. Нохост ин аҳволро дида, бачаҳо аввал сахт метарсанд. Пас, ана, ба гиряву нола медароянд. Янгаат рӯю мӯй канда, гумон мебарад, ки тамом, мурдааст соҳиби сараш. Охир, латта будаам, беҳушу беёд... Саидвалӣ бо як азоби алим ба вай мефаҳмонад, ки бисёр овоз баланд накунад, ман ҳоло зинда-ам; нағзаш – чӣ қадаре бошад, шир ёфта биё-рад. Боз эҳтиёт шавад, ки ҳамсояҳо аз ҳақиқати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё