Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

АдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

— Модоме батаъкид мепурсӣ, ҷавоб нагардонам?

— Майлат, набар... Лекин ба миёни суханам лагад назан, — мегӯяд хушҳолона Ҳотамбек ва идома медиҳад: — Хулоса, аз дил гузарондам, ки дар ин аҳвол хона намеравам. Ва бешитоб роҳи заминамро пеш гирифтам. Агарчи кайфам ҳоло ҳам баланд буд, дар ҳавои бисёр гарми ҷанголуд беш аз ним соат қадам зада, ҳалқам аз ғояти ташнагӣ қоқ, нохост ба боҷаам рӯбарӯ омадам. Ба Саидвалӣ... Вай сари вом истода, дар китфаш каланд, ба чӯякҳои пахта менигарист.
Замини мо аз бари якдигар... Воқеан, ман ҳам мувофиқи шартнома ӯҳдадорам, ки дар баробари ғайра зироат пахта низ мекорам. Ҳар сол...
Медонӣ, а? Қилу қол надорад ин масъала!

— Медонам, — беихтиёр мегӯяд Нозилҷон.

— Хайр, — даме ба сукут рафта, механдад Ҳотамбек. — Тарки одат – амри муҳол. Буридан гир... Ту аз кӯдакиат ҳамин хел бетоқат будӣ.

— Ёд надорам.

— Албатта, кадом одами ту барин ҳушёр гуноҳашро зуд ба гардан гирифтааст? — як қулт чой менӯшод ӯ ва боз қадре хомӯш монда, аз сари нав ба сухан меояд: — Давоми қисса — Саидвалӣ маро дида, хушу хурсанд вохӯрдӣ кард.
Гуфт, ки имрӯз бояд намеомадӣ, аз куҷо пайдо шудӣ. Яқин ҳамсӯҳбат мехост вай — аз афташ, тани танҳо ҷунбида, зиқ монда буд рӯзи дароз...
Бемадор даст афшонда, ҳоли хунук пурсидам. Надорам, гуфт. Баногоҳ қаҳрам омада, худро якбора аз даст дода, қариб беҳуш шудам. Даруни сарам ваҷарос мезад. Дасту поям вазнин, ҳатто ба ларза печида, зуд нишастам, балки афтидам.
Хуллас, одаму оламро фаромӯш карда, фақат ёд

пешина
аз 93
навбатӣ