Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Зами ин сӯҳбат табъи дил ҷараён ёбад, асло хестанаш намеояд. Аз шаш дари олам гап зада, занги дил мешӯӣ, гузаштаро ба ёд меорӣ, имрӯзу фардоро ба муҳокима мекашӣ... Хулоса, роҳат мекунӣ. Мо ҳам лақида-лақида, ба тавре роҳат карда, нимарӯз, баъде ки шишаҳо билкул холӣ шуданд, аз дари мағоза ғайб задем. Яъне гаранг будем ё ҳушёр, ба ҳар ҳол, ҳар кадом ба роҳи худ рафтем. Ҳамон рӯз офтоб аз саҳар башаст омада, гармо тадриҷан боло гирифта, оқибаташ – ҳаво ба мисли танӯр метафсид. Боз ин ки, ғуборогин буд сабил, вазнин буд. Ҳамвор нафас кашидан як азоб... Дар дастам зарфи пур аз катарин, ман рӯ ба хона лаб-лаби канал оҳиста пой монда, базӯр меомадам. Раҳораҳ аҳволам ба дараҷае танг шуд, ки як-ду бор истода, то метавонистам, чуқур дам задам. Бинам, дар ҳақиқат фоида доштааст – ҳушам дар ҷояш қарор гирифта, оҳиста-оҳиста сабукӣ ёфтам. Бо вуҷуди ин аз дил гузарондам, ки биё, ранги рӯямро ҳоло дар хона нишон надода, аввал ҳамин катаринро ба сари замин бурда монам... Акаат, охир, дар он ҷо як каппача дорад! Худат медонӣ-ку: ман чор сол боз иҷоракор. Се гектарро уҳда карда, ба илова ҳосили айни муддао гирифтан аз дасти ҳар кас намеояд. Дар як муддати кӯтоҳ ман он замини партавро чунон ба тоб овардам, ки эҳат! – тонна-тонна бор медиҳад. Соли дароз на фақат оилаи худам, балки хешу табор низ таъминанд аз пиёзу картошка. Боз хеле мефурӯшам... Исто, ки ту ҳам якхалтай барӣ, намешавад?
– Мани бехабар ҳанӯз сари тирамоҳ захира карда будам, – нарм механдад Нозилҷон.
– Гапамро набур... Аҷаб бетоқатӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё