Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
— Овозат ки намебаромада бошад, — каме сурфида, оринҷашро ба болин такя медиҳад Ҳотамбек, — буду шуди қисса ҳамин: аввал рафта, аз кали Анвар ду литр кота... като... Э фарқаш чӣ? Катарин мегӯем, вассалом... Мазмун, аввал дар як зарфи оби маъдан аз ҳамон тухми аңқо харида, даҳонашро нағзакак бастам. Ва аз гарданаш гирифта, кали Анварро хурсанд карда, бозпас ба роҳ даромадам. Қад-қади кӯча гоҳ ба инаш, гоҳ ба ваяш вохӯрда — таомул, охир! — салом-алейк шудаву кам-кам лақида, хотирам аз чор ҳадди дунё ҷамъ, оҳиста меомадам. Бепарво будам. Азбаски он рӯз ҳеҷ кори зарур надоштам, шояд аз шарофати фориғӣ... худ ба худ рӯҳам меболид. Кӯкнориҳо барин ба ҳар гуна хаёлҳои ширин рафта, озод, беташвиш, саллона... ва аз чӣ буд, ки ҳатто бисёр хурсанд қадам мемондам. Ҳамин хел то дари магазинамион расида, чашмам нохост ба Исматулло афтид. Вай ба ду нафар улфатамон — ту онҳоро хуб мешиносӣ, доимианд онҳо, — каме дуртар, дар кати баланди зери дарахт бемалол чорзону зада, ба қавли худаш, маишати канори ҳавзи Кавсар дошт. Аввал хостам, ки номаълум гузашта равам. Аммо Исматулло ҳам маро дида, бо ишораи даст даъват карду филҳол аз раъям гаштам. Сабил монад, табиатам беҳад мулоим, — ба ягон кас не гуфта наметавонам... Аз ин рӯ қанотак бароварда, зуд дар назди вай ҳозир шудам. Ва мо, чор тан паҳлавони гарданшикан, то нисфи рӯз аз ҳамон кати пешорӯйи магазин нахеста, гардани панҷ шишаро бехато шикастем. Газакамон чӣ? — шакароб, нон, камтар мева... Худат медонӣ, ки одам агар ба дӯстони бачагиаш давра гирад, ҳар касу нокас пашша нашуда, бар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё