Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Гии худамон. Яъне табаррукӣ!
– Беморбинии баарак, а? – низ механдад Нозилҷон.
– Ҳа-а, бачамард дар кисаи даруни борониаш овард. Чашми янгаатро, ки қаравул меистод, намедонам чӣ хел реб дода, сари вақт дар пушти кат монда рафт. Ё чӣ бало, аз омадани ту хабар дошт?! Дар ҳар сурат, одам аз насибааш рӯй намегардонад...
– Хабар дошт, албатта. Саҳарӣ, ҳанӯз зоғи сиёҳ нӯлашро наолуда, ба ман занг зада буд... Хайр, кушо акнун, – маҷбур гардан мефурорад Нозилҷон.
– Ҳай муғамбир аст ин ҷӯраамон. Як даҳан нагуфт-э!
...Ниҳоят, баъде ки хӯрдаву нӯшида, шишаро холӣ карданд, Ҳотамбек даҳони онро маҳкам мепӯшад ва бурда, бо эҳтиёт боз дар ҷояш, дар пушти ҳамон кати пастак мемонад. Пас, даҳонаш то баногӯш, дангал мепурсад:
– Ту қиссаи аз нав зинда шудани маро дар ҳақиқат шунидан мехоҳӣ, ё аз раҳи адаб... яъне дар омади гап гуфтӣ?
– Биллоҳ, ки сидқан шунидан мехостам!
– Ин хел бошад, гӯш фаро деҳ. Лекин суханамро намебурӣ. То охир... Хуб?
– Қабул, – табассум мекунад Нозилҷон.
– Лӯндаи гап, ман ҳамон саҳар аввал ба анбори хоҷагӣ рафта, аз кали Анвар дар як зарфи дулитрӣ катарин харидам.
– Катарин не, которан, – мӯйсари мошубиринҷи базебашро бо ангуштони дарози худ шона мезанад Нозилҷон.
– Ана, суханамро буридӣ!
– Шуд, ҷӯраҷон, дигар овоз намебарорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё