Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондансукут варзида, чунон ки нохост ба ягон кори хавфнок тасмим гирифтааст, айёрона мегӯяд:
- Майлат, ба ту ҳамаашро нақл мекунам. Лекин... аввал табъи дил адаби ин занакро додан лозим.
- Яъне? - ҳайрон мешавад Нозилҷон.
- Ҳозир мефаҳмӣ, - хандон аз ҷой мехезад Ҳотамбек ва аз пушти кат як шиша арақи накушода оварда, масрур дар паҳлуяш мегузорад. - Ҳаминакро дукаса фурӯ мебарем.
- О ин бисёр. Баъд... оё мумкин аст ба ту? Ҳарорат дорӣ...
- Аз рӯзе ки ба он фалокат гирифтор шудам, занак нӯшиданро қатъиян манъ кард. Вай ҳатто аз гапгузаронӣ намегардад. Аммо акаат, рафту харҷаш аз кисаи дигарон бошад, баъзан менӯшад кам-кам.
- Аз янга пинҳонӣ, албатта?
- Чӣ илоҷ! - сараш андак хам, оҳ мекашад Ҳотамбек. - Агар не, дар бало мемонам.
- Ҳар чӣ бошад, зиёд аст вай. Ана ҳаминаш кифоя, - шишаи кушодаро нишон медиҳад Нозилҷон.
- Не, дӯстам. Модоме менӯшем, аз табаррукаш менӯшем. Худат-ку нағз медонӣ: аз Исматулло дар зимистон ҳатто барф рӯёнда намешавад. Эҳа-аа...
- Воқеан, чӣ ҳол дорад у?
- Гаштааст бе дарду ғам. Дунёро об барад ҳам, мижааш хам намехӯрад. Саҳар як сари қадам омада буд. Ин Шералӣ, - ногаҳон лақаби навъи шиша, ки онро аз номи ҳофизи гарданаш бисёр дарози Ӯзбекистон гирифтаанд, ба ёдаш расида, механдад Ҳотамбек, - аз ҳиммати Исматуллоҷон, аз пули бедардимиёни дӯсти бача-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё