Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Варда, зуд ҷӯробашро мепӯшад. Бархоста, ҷомаашро низ чаққон ба китф мегирад.
...Варда дар кушода шуда, бо мушоияти ҳамсари вай ба хона дӯсти бачагиаш Нозилҷон медарояд. Онҳо якдигарро гарм ба оғӯш кашида, салом-алейк мекунанд, самимона аҳвол мепурсанд. Пас дар болои кӯрпачаҳо ба ҳам рӯбарӯ нишаста, аз дари таомул даст ба фотиҳа мебардоранд.
— Қадам расид, бало нарасад!
— Намерасад...
— Илоҳӣ омин! Гуфтам, аз ту як хабар гирам.
— Хуш омадӣ, дӯстам! Ҳар қадамат болои дида... Ту, охир, тоҷи сарӣ!
— Воҳима нашавад, Ҳотамбек... — мегӯяд Нозилҷон. Ва баъди лаҳзае сукут, лабони андак ғафсаш моил ба табассум, маънидор мепурсад: — Аслан чӣ гап? Аз нақли як кас-ним кас ман туро бемори лоҳис тасаввур кунам... дурустӣ-ку! Ҳеҷ тағйир наёфтаӣ, ҳамон Дами Гарми қадимай.
— Ҳоло лақаби ман дигар, — нигоҳашро гурезонда, қариб ғамгин ба забон меорад Ҳотамбек.
— Аз инаш хабар дорам, — механдад Нозилҷон.
— Хабарат бошад... — гӯё ногаҳон ба хаёл рафта, идомаи суханашро фурӯ мебарад ӯ. Ва ба ҷониби ҳамсараш, ки низ пиққӣ хандида, ин дам аз хона баромадан мехост, бо як итоби омехта ба меҳр чашм медавонад. — Бисёр наханду аз паи дастархон шав!
— Албатта... — хушнуд берун меравад зан.
Ва лаҳзазе хомӯшӣ ба миён меояд.
— Хайр, гап зан, — айни вақт онро шикаста, мегӯяд Нозилҷон.
— Чӣ гап занам? Ранг бину ҳол пурс... — рӯймоли гардиро аз гирди сараш кушода, бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё