Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
КАТАРИН
Гашт мекунад рӯзи аввали зимистон. Ва боз... мегузарад соате аз ҳаёти муқаррарии инсон. Чанд лаҳза инҷониб майда-майда борони сард борида, шояд аз камари кӯҳҳои дур нафаси тези барфро меорад. Як марди би니아ш барҷастаи қоқина, ки ба назар тахмин панҷоҳсола метобад, сараш бо рӯимоли гардӣ маҳкам бастагӣ, кӯрпаи баҷилди вазнинро қариб то таки манаҳаш кашида, дар кати пастаки пеши тиреза хобидааст. Гунаҳои суп-сурхи ӯ бо чашмони кабуди андак чуқураш гӯё бозӣ мекунанд. Яқин ҳарорат дорад маррд. Хона чандон гарм не, — дар кунҷи дуртар аз паҳлуи дари дутабақа, дудкашаш берун аз шифт рафта, бухории оҳанин... ба вай фурсате қабл áлав мондаанд магар, акнун тафс мегирад.
Мард аз оинаи тиреза, ки домани ҳар ду пардаашро барзадаанд, хаёлманд ба саҳни ҳавлӣ, ба нам-нами якнавохти борон менигарад. Баъд оҳиста паҳлу мегардад. Ва аз байн дақиқае нагузашта, болини таки сарашро болотар тела медиҳад. Бетоқат аст вай — гӯё аз риши тунуки малла, аммо як қадар дамидаи худ ғашаш меояд. Балки дар бадаш задааст чор рӯз интараф мурда барин дароз хобидан? Ҳар чӣ бошад, ранги рӯяш бегона, дилаш зиқ ва хотираш парешон метобад... Инак боз паҳлу мегардад ӯ. Пас баиллат як сар афшонда, боз ба саҳни ҳавлӣ менигарад. Ва худи ҳамон дам чашмонаш дурахшида:
— Ваҳ! — гӯён кӯрпаро аз қафаси синааш дур меандозад. — Ӯраам, а! Ӯраам...
Марди бемор пойҳои лоғарашро аз кат фуро-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё