Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ниҳоят асабианд, ҳатто ба шифо ёфтани худ бовар надоранд. Бинобар ин вазифаи табиби саратоншинос то ҳадде душвор аст. Вай бояд қабл аз ҳама эътиқоди беморро ба даст оварда, танҳо пас аз ин ба табобат шурӯъ кунад. Чун деҳқоне ки дар гирди ҳар як ниҳолаш шабу рӯз парвона мешавад, ба шахси дардманд ҳама меҳри дилашро бахшад. Вай бояд аз ёд набарад, — Антон Павлович Чехов... воқеан, ӯ табиби ҳозиқ ҳам буд, боре ба суоли як нафар ҷавони ҳавой, ки асрори зиндагиро ҷиддан ба эътибор нагирифта, дар орзуи табиб шудан будааст, чӣ ҷавоби пухта медиҳад. «Касби табибӣ, пайвастан ба илми тиб... чун кори адабиёт қаҳрамонист. Вай қурбонӣ мехоҳад, дилу нияти покиза мехоҳад. На ҳар кас ба ин қодир аст. Шумо ва ашхосе ба монанди шумо дар ин ҷабҳа тасодуфӣ мебудед», — гуфтааст нависандаи бузурги рус.

Тақрибан ҳамин хел сӯҳбат доштам ман боре ба профессор Аҳмадов, ки ҳоло дар муҳити кафедраи ӯ ва умуман дар Диспансери онкологии ҷумҳурият як мактаби хуби саратоншиносони тоҷик ба вуҷуд омадааст. Бахтиёр Почомирович орзу дорад, ки дар заминаи ҳамин шифохона дар Душанбе маркази илмиву тадқиқотии махсус таъсис ёфта, ба рушду камоли илми саратоншиносии шӯравӣ — ин соҳаи бағоят муҳим ҳиссаи арзанда гузорад.

Агар ба қавли шахсан профессор Аҳмадов, ки имрӯзҳо ба синни панҷоҳсолагӣ қадам мемонад, нияти нек на ними давлат, балки худи давлат бигӯем, пас орзуи наҷиби вай ҳатман ҷомаи амал мепӯшад.

1983

пешина
аз 93
навбатӣ