Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
мураккабтар мешаванд. Умуман табиб бояд бисёр омӯзад ва дар ин ҷода ҷасур ҳам бошад. Имрӯз илми тиб ба муваффақиятҳои бузург ноил гардидааст. Баъзе бемориҳое ки даҳ-понздаҳ сол қабл илоҷи даво надоштанд, ҳоло осон табобат мешаванд.
— Касби шумо ҷарроҳӣ... Асосан ба ташреҳ ва ҳатталимкон бартараф сохтани дарди саратон машғулед. Пас дар ин хусус ҳам...
— Бале, мехоҳам дар ин бобат низ чанд сухан гӯям, — ҷавоб дод профессор Аҳмадов, даме хомӯш монда. — Вақтҳои охир бемории саратон зиёд шудааст. Ҳар сол дар рӯи замин камобеш ду миллион нафар аз ин дарди ҷонқоҳ вафот мекунанд. Агар ба назар гирем, ки чунин одамон ба ҳисоби миёна ду-се сол умр мебинанд, пас ҳоло дар сайёраамон панҷ миллион нафар гирифторони саратон ҳастанд. Ин беморӣ баъд аз сактаи дил, умуман дарди дилу рагҳои хунгузар имрӯз дар ҷои дуюм қарор дорад. Давлат ҳамин вазъиятро ба эътибор гирифта, барои табобати саратон шароити мусоид фароҳам меорад. Аммо афсӯс, то ҳол дар байни мардум ғолибан фикре ҳаст, ки гӯё касалии саратон, ё худ омосҳои бади он бедавоанд. Ин ақида асоси мустаҳкам надорад. Мо имрӯз дар роҳи ташхис ва табобат кардани омосҳои хавфноки саратон ба кулли воситаҳо таъминем. Аз усулҳои ҷарроҳӣ, нурҳои радий ва рентген, доруҳои махсуси кимиёвӣ ва ғайра фаровон истифода мебарем. Натиҷаҳои хуб ҳам мегирем. Бояд қайд намуд, ки барои мо, табибони саратоншинос, муносибати дилсӯзона ба бемор яке аз рукнҳои асосӣ мебошад. Зеро нафарони ранҷур ё онҳое ки гумон мебаранд ба ин дард гирифтор шудаанд, аксаран

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё