Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Ба донишҷӯён, тарбияи фарзандон... Ҳамчунин вақт ёфта, ба театр рафтан, ҳар ҳафта ду-се асари бадеӣ хондан... Ва ғайра!
Осон аст магар?
Доктори илми тиб, саратоншиноси калони Вазорати ҳифзи тандурустии ҷумҳурият, узви раёсати Ҷамъияти умумииттифоқии олимони саратоншинос, мудири кафедраи саратоншиносии Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, муаллифи наздик ба яксаду чил мақолаву корҳои алоҳидаи илмӣ, чор китоби калон доир ба таҳқиқ ва табобати бемории саратон...
Ба роҳбарии профессор Аҳмадов панҷ нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Ва ҳоло се нафари дигар рисолаи докторӣ ва зиёда аз даҳ нафар рисолаи номзадӣ менависанд. Ба ҳамин қарибӣ китоби нави ӯро, ки дар он тозатарин бозёфтҳои олим дар илми саратоншиносӣ ҷамъбаст шудаанд, нашриёти «Медитсина»-и Маскав барои аз чоп баровардан қабул кардааст. Бо вуҷуди ин вай аз маҳсули ранҷи худ қонеъ нест. Корҳо ҳама дар пешанд, мегӯяд бо табассум Бахтиёр Почомирович.
...Мо ноаён боз ба сари сӯҳбат омадем.
— Мехоҳам ҳоло як чизро махсус таъкид кунам, — суханашро давом медод ӯ. — Ҷавононе ки нияти табиб шудан доранд ва аз барои амалӣ гардидани ин нияти худ фардо ба остонаи донишгоҳ қадам мегузоранд, асосан дар асри бисту як фаъолият мекунанд. Ва талаботи ҷамъият аз онҳо боз ҳам бештар мешавад. Пас лозим аст, ки аз кулли кашфиёти илму фарҳанг бохабар бошанд онҳо, дониши худро низ ба дараҷаи илми пешқадами замонашон бардоранд. Чунки ҷамъият ва донишҷӯе ки вай ҳосил мекунад, торафт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё