Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
— Ҳа-а, ман бобои Акрамҷон. Гуфтанд, ки фардо... — Пирамард давоми гапашро нохост фурӯ бурда, чашмони хирааш ба девор андармон, ғамгин ба хаёл рафт.
— Ҳамааш нағз мешавад, падар. Шумо осуда бошед. Акрамҷонро ман худам ҷарроҳӣ мекунам.
— Ҳаминро фаҳмам гуфта... Кай, соати чанд?
— Фардо соати даҳ. Шумо ғам нахӯред, ташвиш ҳам накашед — роҳатон дур. Гуфтам-ку:
ҳамааш нағз мешавад.
— Эҳ, писар! — бадард оҳ кашид пирамард. — Набераам агар сиҳат монад, ман ба азоби гӯр ҳам розӣ. Лекин... падарашро бой додем — худат медонӣ. Боз ин... — Гӯё луқмае дар гулӯяш дармонда, ӯ вазнин бархост. — Хайр, ман равам.
Мегӯянд, ки дастат сабук, ба ин тарафаш ҳама умедам аз ту... Илоҳӣ ба ҳазор дарой!
— Зиқ нашавед, падар, ҳар чӣ аз дастам ояд, мекунам, — пирамардро тасаллӣ дода, то беруни дар гусел намуд Бахтиёр Почомирович.
Ман хомӯш менишастам.
— Аҳволи наберааш вазнин, — гуфт ӯ, боз ба кабинет ворид гардида. — Ҳамагӣ бисту ҳафт сол дорад. Вале... аллакай ба саратони меъда гирифтор шудааст. Падараш ҳам дар чилупанҷсолагӣ ба ҳамин дард печида, пас аз се соли ҷарроҳӣ вафот карда буд. Пирамард, албатта, месӯзад. Сахт аст марги фарзанд...
Ба чеҳраи кушода, чашмони равшан ва мӯйсари қатронии дар чаккаҳояш ҷо-ҷо сафедӣ дамидаи Аҳмадов нигариста, ман фикр мекунам —
ин мард барои ҳама он кору вазифаҳое ки дар
ӯҳда дорад, чӣ тавр фурсат меёфта бошад. Боз
муомилаи ҳаррӯза ба хешу табори беморон, маҷлису машваратҳо, ташвиши оила, машғулият

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё