Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа
Барои духтарчаҳояш ду тахтача шоколад харидаму рост ба хонааш рафтам. Ӯ маро нағз пешвоз гирифт. Нишастем, чой нӯшидем, аз ину он даме сӯҳбат оростем. Баъд ман гӯё дар ҷараёни сухан - оромона ва ҳатто ба оҳанги илтимос мулоим карда, ба вай гуфтам, ки ин хислаташро партояд. Зеро оқибати кораш нағз намешавад, зарари худашро донад, одамон аз чунин одаташ пай баранд, рафта-рафта рӯй метобанд... Аммо вай он шаб гуноҳашро ба гардан нагирифт, салому алейкаш ҳам чанд муддат ба ман сард гардид. Бо вуҷуди ин ба гузашта салавот, ягон рӯз мефаҳмидагист гуфта, ман пештара барин бе ҳеҷ иллату миннат ба кори илмиаш кӯмак мекардам. Ниҳоят фаҳмид... Як рӯз ба ҳамин кабинет даромада, сараш хам, узр пурсид. Аз дигар корҳои ношоямаш низ, ки дар ҳаққи баъзе рафиқони худ дониста ё надониста кардааст, аз таҳти дил пушаймон шуд. Ман ҳоло хурсандам - вай имрӯз ҳам олими хуб шудааст, ҳам одами хуб. Рост рав, ки ростиро завол нест, гуфтаанд. Нағз гуфтаанд...
-
Дароям мумкин, писар? - дари кабинетро беҷуръатона кушода, ба овози хаста пурсид пирамарди зоҳиран деҳотӣ, ки нигоҳаш имдодталаб буд.
-
Марҳамат, падар, марҳамат! - суханаш канда шуда, дарҳол аз ҷой хест Бахтиёр Аҳмадов. Ва ӯро нарм пешвоз гирифта, ба курсии рӯбарӯи ман нишонд. Зуҳ як пиёла чой рехт, ба мавиз ҳам муроот кард.
-
Ду ҳафта пеш ба наздат омада будам. Маро шинохтӣ?
-
Шинохтам, дидан замон шинохтам. Шумо бобои додарамон Акрамҷон...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё