Зеҳн
Зимистони умр

Китоби мазкур маҷмӯаи ҳикоёти нависандаи тоҷик Саттор Турсун буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар он сарнавишти одамон ва таҳлили равонии қаҳрамонон бо маҳорати баланди бадеӣ баён шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 93 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Бат ба як ҷуфт бештар мебинад. Аз ин рӯ ягон ҳаракати табиб, рафтору кирдораш, ҳатто табъи гирифта ё равшани ӯ, муносибаташ ба атрофиён, чӣ тавр ба кор омадану ба чӣ ташвишҳо банд гардидани ӯ ва ниҳоят, чӣ гуна одам — меҳрубон ё дурушт, чашму дилаш серу баорият ё чизпараст будани ӯ, хулоса, ҳеҷ чиз аз назари бемор пинҳон намемонад.

Аҳмадов баъд аз занги ду-сеқаратаи телефон, ки нохост баланд гардид, гӯшакро бардошта, ба касе яқин аз бемории каси дигаре як дам сӯҳбат кард. Ва онро аз нав дар ҷояш гузошта, ба суханаш идома бахшид:

— Баъзе табибони ҷавон, ки асосан ба илм машғуланд, ҳанӯз нахустин рисолаи худро ҳимоя карда накарда, ба роҳи фиребу найранг мераванд, ба гапчинӣ машғул мешаванд, аз хушомадгӯӣ низ рӯй наметобанд. Чанд сол пеш аз ин воқеае рух дод, ки барои ман бисёр нохуш буд. Сахт дар ҳайрат мондам... Зеро шунидам, ки як нафар номзади илм — кӣ буданашро намегӯям, ин аслан лозим ҳам нест, — одами умуман басавод, кордон... дар ғайби ман гапҳое бофтааст берун аз инсоф. Вай он ҳазёнашро, он такони хаёлашро дар кӯча не, ба дӯстонаш дар сари як пиёла чой ҳам не, балки бе ҳеҷ шарму ҳаё ба як нафари масъул, ба як олими пуркору обрӯманди соҳаи мо мегӯяд.

— Сабаб? — беихтиёр суол кардам ман.

— Сабабаш маълум — худамро ба ин одами дасташ дароз нағз нишон дода, зудтар ба мартаба расам, обрӯ гирам, шӯҳрат ёбам... — маҳзун табассум кард профессор. — Ман, албатта, метавонистам ба вай талху тунд гӯям. Аммо инро ба худ эб надидам. Ва хеле андешида, як бегоҳ

пешина
аз 93
навбатӣ